“Сирдарё” - МАҲАЛЛАИ БЕҲТАРИНИ ВИЛОЯТ

Хушхабаре расид, ки маҳаллаи «Сирдарё» - и шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мақоми аввалро сазовор шудааст. Бо мақсади омода сохтани мавод ба маҳаллаи номбурда омадам.

 Раиси маҳалла Омина Темурова пас аз чанде ҳозир шуд, хотираш парешон буд. Баъди салому алейк сабаб пурсидам. Посухам дод, ки дар боби порчаи замине, ки долу дарахтони наздик бистсола доштааст, ду - се оила муноқишаи тезу тунд доштаанд ва баробари шунидани хабар оҷилан ба он ҷо ҳозир шудааст.

- Масъала чӣ тавр ҳал гардид? - пурсидам аз ӯ.

 - Ба муросо омаданд. Умуман гирем, маҳаллаи мо ин тавр нест. Шукр, ҳамагон ҳамдигарфаҳмӣ карданд ва муаммо ҳалли худро хоҳад ёфт. Маҳалла низ чун оилае будааст, вале калонтар, - гуфт ӯ ҳуҷҷатҳоро варақгардон намуда.

 Вазифаи раиси маҳалла ва мушкилоти онро барои худ тасаввур кардам.

- Мо ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии хуб дида истодаем. Сокинони маҳаллаамон хеле инсонҳои хубанд. Бо мақсади огоҳ намудани сокинон оид ба 1300 – рӯзи меҳнати зарбдор вохӯрӣ баргузор намудем. Агар дар маҳаллаамон 4474 нафар истиқомат дошта бошанд, наздик ҳафтод фоизи онон дар мулоқот ширкат варзиданд. Қариб аз ҳамаи оила якнафарӣ буданд, гӯям, шояд хато нашавад. Шахсони ватандӯсту меҳанпарварамон бисёранд. Чанд нафар бо ихтиёри худ оид ба ободонӣ, кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ иқдоми шоистае намуданд. Масалан, соли 2019 бо ташаббуси сокинони маҳаллаи «Сирдарё» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 1000 метри мураббаъ кӯчаи ба номи Қорӣ Ниёзӣ ва 1200 мураббаъ кӯчаи ба номи Қорипӯлод Раҳматбоев мумфарш гардида, кӯчаи ба номи Сангинбой Полвонов таъмири ҷорӣ карда шуд. Соҳибкор Моҳинисо Ҳакимбоева бошад, пас аз бунёди нуқтаи савдо дар кӯчаи ба номи Раҳим Ҷалил бо ихтиёри худ се нафар кӯдакро аз оилаҳои камбизоат хатнасур намуд. Чунин саховатпешагон дар маҳалла зиёданд. Соҳибкор Баҳромҷон Усмонов дар ҳар иду айём бо иқдоми хеш барои бо маводи озуқа таъмин намудани оилаҳои камбизоату ниёзманд ҳиссагузорӣ менамояд. Вакили мардумии маҷлиси шаҳрӣ Муяссара Раҳимова низ аз ҷумлаи чунин нафароне ҳаст, ки гоҳ - гоҳе омада, аз ҳолу аҳволи сокинони маҳалла пурсон мешавад ва то ҳадди имкон баҳри ҳалли муаммоҳояшон дасти мадад дароз менамояд. Соҳибкорон Шамма Пардаев, Мубинҷон Абдушукуров, Робияхон Қодирова, Зикриёхоҷа Самандаров ва дигарон ҳамеша ҳампаҳлуямон ҳастанд.

Дар рӯзҳои идҳои миллӣ ва дигар чорабиниҳо бо туҳфаву маводи хӯрокворӣ оилаҳои ниёзманд, маъюбон ва ятимону нимятимонро рӯҳбаланд месозанд. Дасти сахои чунин саховатпешагон буд, ки дар арафаи иди Қурбон 103 нафар оилаи ниёзманд бо маҳсулоти гӯштӣ таъмин гардиданд.

Метавон гуфт, сокинони маҳалла бо роҳбарии О.Темурова дар ҳама чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти маҳал, густариши корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунӣ, ҳифзи муҳити зист, самаранок ва мақсаднок истифода бурдани неъматҳои табиат, тозаву озода нигоҳ доштани хонаҳои баландошёна, баланд бардоштани нақш ва фаъолияти аҳолӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ҳамеша ҳозиранд ва чунин иқдом аз он далолат мекунад, ки онон сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдоранд. - Дар бобати Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони маҳалла вохӯрӣ ташкил кардем. Фаъолони маҳалла фикру андешаи хешро оид ба Паёми навбатии Сарвари давлат баён дошта, баъзе нуктаҳои онро барои сокинон шарҳ доданд, - мегӯяд раиси маҳалла Омина Темурова. - Як муроҷиати Пешвои миллат, ки гуфтанд: «Ба ҳамаи сокинони мамлакат муроҷиат мекунам, ки то ҷашни муқаддасу бузурги 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кӯшиш намояд», - моро водор месозад, ки боз ҳам даҳчанд меҳнат кунем.

 Аҳолии маҳаллаи «Сирдарё» - и шаҳри Хуҷанд дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ хеле фаъоланд. Чанде пеш барои қабули меҳмонони олиқадр, ки ташрифи Пешвои муаззами миллат дар назди хиёбони Исмоли Сомонӣ низ дар назар дошта шуда буд, сокинони маҳалла борҳо шанбегӣ гузаронда, гирду атрофи онро бо ниҳолони ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг оро доданд. Нақшаи даъват ба сафи Артиши миллӣ дар давраи тирамоҳ ва ҳам дар фасли баҳор мувофиқи маҳалла ҳамеша иҷро мешавад. Аксари ҷавонон бо ихтиёри худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар роҳсипор мегарданд.

Дар рӯзҳои иди байналмилалии Наврӯз, ки соли гузашта дар Маркази вилоят бо иштироки Пешвои муаззами миллат доир шуд, истиқоматкунандаи маҳаллаи «Сирдарё» Шаҳноза Каримова дар омода сохтани хӯроки миллии «Угро» мақоми аввалро сазовор гардид. Инчунин, ҳунармандон Марҳабохон Аминова, Саноат Фозилова, Наргиз Мирзохонова, Фирӯза Ҷумъабоева, Музаффар Ӯрунов бо маҳсули эҷоди дастии худ – сӯзаниву йӯрмадӯзӣ, қаннодиву нонпазӣ ва арғамчинбофӣ дар намоишҳои шаҳриву вилоятӣ ҷойҳои намоёнро ишғол карданд.

Мунтазам баргузории ҷаласаҳо бо сокинони маҳалла, вохӯриҳо бо вакилони маҷлисҳои вилоятиву шаҳрӣ, баррасии масъалаву муаммоҳо ва ҳаллу фасли он, инчунин амалигардонии қонунҳо, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» имкон фароҳам оварданд, ки ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав шомил нагарданд. Маҳаллаи «Сирдаёр» бисту як кӯча ва тангкӯчаро дарбар гирифта, шумораи умумии аҳолӣ 4417 нафар буда, 2219 нафар зан, 2198 нафар мард, аз ҷумла 1364 нафар то синни 18 - сола истиқомат доранд.

Ҳамкории масъулини маҳалла бо сокинон хеле қавӣ аст. Соли сипарӣ раиси маҳалла 2829 нафарро ба муроҷиаташон қабул карда, дар ҳаллу фасли масъалаҳои баррасишуда кӯмак намудааст. Бо мақсади бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1300 – рӯзи меҳнати зарбдор дар маҳаллаи «Сирдарё» ба тариқи ҳашар аз ҷониби аҳолӣ корҳои ободониву бунёдкорӣ, таъмиру рангуборкунии ҳавлию биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, даромадгоҳҳову роҳравҳо, эҳёи анъанаҳои аҷдодӣ, гулпарварӣ, чароғонкунии маҳалла идома дорад.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh