РАҲНАМОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Дар самти тарбияи насли наврас Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромаду мулоқоташон бо аҳли зиё, омӯзгорон маслиҳату дастурҳои муфид дода, ба касби худ шавқу ҳаваси зиёд доштанро ҳидоятгар мешаванд.

Дар Паёми навбатии худ низ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду тақвият бахшидани соҳаи маориф ҳарф зада, тарбия ва ба камол расонидани насли навраси донишманд ва боирода, мусаллаҳ бо донишҳои замонавиву муосир, донандаи якчанд забонҳои хориҷӣ, хосатан русиву англисӣ ва хитоиро талаботи замон ҳисобида, омӯзонидани мукаммали ин забонҳоро аз мутасаддиён ва масъулон талаб намуданд.

“Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли Модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем”, изҳор доштанд Пешвои миллат ва низ иловатан таъкид карданд, ки: «ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд".

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.

Дар самти дастгирии ҳадафҳои пешгирифта ҳамчун намояндаи аҳли зиё дар роҳи тарбияи ҳаматарафаи насли ҷавон саҳм мегузорам.

Шаҳноза Бобоҷонова,
омӯзгори МТМУ №15
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh