Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомал Раҳмон имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд чанде аз собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Раиси вилоят аз ҷумла аз ҳоли Хосият Зокирова, Зубайра Файзуллина, Галина Поддубная ва Ҳусен Файёзов хабар гирифта, ба собиқадорон туҳфаҳои идона тақдим намуд ва онҳоро бо фарорасии Соли нави мелодӣ таҳният гуфт.

Зикр карда шуд, ки ғамхорӣ нисбат ба пирону собиқадорон як ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ин раванд бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода ба собиқадорон рӯзгори обуду осуда ва тансиҳативу хотирҷамъиро орзу намуда, изҳор дошт, ки кору пайкори пирони рӯзгор мактаби бузург барои тарбияи наслҳои ҷавон мебошад.

Собиқадорони меҳнат аз ҳусни таваҷҷуҳ изҳори сипос намуда, миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh