Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли Аниса Насимзода хабар гирифт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи соли нави мелодӣ аз ҳоли сокини шаҳри Бӯстон Аниса Насимзода хабар гирифта, ӯ ва аҳли оилаашро бахшида ба соли нави мелодӣ табрик кард.

Раиси вилоят дар суҳбат бо Аниса Насимзода, ки моҳи августи соли равон бар асари як ҳодисаи нохуш зери қатора монда буд, таъкид кард, ки руҳафтода нагардида ба омӯзиши илму дониш машғул шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода ба Аниса Насимзода як адад ноутбук ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда, изҳор дошт, ки бигзор дар соли нав тамоми орзуҳои Аниса амалӣ гардад.

Сипас, Раиси вилоят иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мария Сербулинаро аёдат намуда, фарорасии соли навро барояш таҳният гуфт. Зикр карда шуд, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилоят мунтазам аз ҳоли собиқадорон хабар гирифта, ба онҳо кӯмак мерасонад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh