Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз қисмҳои ҳарбии 01972 ва 051056

29 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз қисмҳои ҳарбии 01972 ва 051056 боздид намуда, афсарону сарбозони қисмҳои низомиро бахшида ба соли нави мелодӣ табрик намуд.

Зимни суҳбатҳо бо афсарону сарбозон Раиси вилоят таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими иқтидори мудофиавӣ, таъминоти моддиву техникии қисмҳои низомӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои хизмати афсарону сарбозон пайваста кўшишу ғамхорӣ менамоянд.

Таъкид карда шуд, ки дар қисмҳои низомӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз қодиранд, манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намоянд.

Раҷаббой Аҳмадзода изҳори боварӣ намуд, ки сарбозони шуҷоъи Ватан қарзи шаҳрвандии худро сарбаландона адо намуда, баъд аз гузаштан аз мактаби ҷасорату мардонагӣ доимо ба ҳимояи халқу Ватан омода мешаванд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар ин рӯз ба қисмҳои низомӣ аз тарафи роҳбарияти вилоят маводи ғизоӣ дастрас карда шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh