Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо собиқадорони меҳнат

28 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар толори меҳмонхонаи “Суғдиён”-и маркази вилоят бо собиқадорони меҳнат мулоқот намуд.

Зимни мулоқот Раиси вилоят аз таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати собиқадорони меҳнат ёдовар шуда, иброз дошт, ки меҳнатҳои фидокоронаи собиқадорони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ доимо аз тарафи давлату Ҳукумат қадр карда мешавад.

Зикр карда шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 18 ташкилоти собиқадорон ва беш аз 300 адад ташкилоти ибтидоӣ фаъолият мебарад. Ҳамасола барои дастгирии собиқадорони меҳнат, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда, гирандагони нафақаи вилоятӣ ғамхорӣ зоҳир гардида, кӯмакпулиҳо дода мешавад.

Ҳамчунин, барои ин табақаи аҳолӣ мунтазам муоинаи тиббӣ бевосита дар маҳалҳо гузаронида шудаву ба онҳо роҳхат ба осоишгоҳҳо барои муолиҷаву табобат ройгон тақдим мегардад.

Илова бар ин, Раиси вилоят зимни сафарҳои кории хеш ба шаҳру навоҳии вилоят мунтазам аз ҳолу аҳволи собиқадорони меҳнат бохабар гардида, дар арафаи ҳар иду айём аёдати чунин ашхосро ба ҷо меорад, ки ин аз таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти вилоят ба ин қишри ҷомеа гувоҳӣ медиҳад.

Сипас, чанде аз собиқадорони меҳнат ба сухан баромада, нисбати таваҷҷуҳу ғамхориҳо арзи сипоси худро ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh