Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ 136 тонна маҳсулоти гуногун пешниҳоди сокинон гардонида шуд

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рӯзи 28 декабр дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 28 декабр ҷараёни баргузории ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Хуҷандро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, таъкид кард, ки иқдоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз ташкили ярмарка пешниҳоди маводи ниёзи аввалия бо нархҳои нисбатан арзон мебошад.

Дар ин рӯз аз тарафи кишоварзони шаҳру ноҳияҳо ва корхонаҳо беш аз 136 тонна маҳсулоти гуногун, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, равған, гӯшт, гӯшти моҳӣ, орд, шакар, асал, маҳсулоти нонӣ, меваҷоту полезиҳо ба фурӯш гузошта шуда, сокинон дар арафаи соли нави мелодӣ маҳсулоти зарурии худро харидорӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh