Ҳадаф: РАСОНИДАНИ КӮМАК БА МАРДУМ

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрии ҷумҳуриявӣ ва ягона Ташкилоти миллии Ҳилоли Аҳмар эътироф шуда, фаъолияти худро дар тамоми ҳудуди кишвар амалӣ менамояд. ҶҲАТ қисми таркибии Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, узви Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва ташкилоти худидораи ғайритиҷоратӣ мебошад.

Ҳадафи асосии ҶҲАТ ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, кӯмак расонидан ба ҷабрдидагон аз офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, ҳамкорӣ дар иҷрои вазифаҳое, ки аз Конвенсияҳои Ҷенева ва протоколҳои иловагӣ бармеоянд, тарғиби ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ ва принсипҳои асосии ҳаракат, инчунин баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ мебошад. Чанде қабл дар толори меҳмонхонаи “Тавҳид” - и шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарону кормандони Кумитаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бахшҳои шаҳру навоҳии Панҷакент, Исфара, Ҷаббор Расулов ва Деваштич семинари омӯзишӣ барои гурӯҳи миллии вокуниш ба офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шуд. Дар рафти семинар оид ба мавзуъҳои сар задани офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодда маълумоти саривақтӣ ва манфиатовар пешниҳод карда шуд. Қумондони Дастаи махсуси зудамал (ДМЗ), капитан Абдумалик Абдуҳамидов оид ба фаъолияти ин сохтор, амали душвори наҷотдиҳандагон ҳангоми ба амал омадани офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодда маълумоти муфассал дод.

Иштирокчиёни семинар ҳамчунин бо таҷҳизоти аз ҷониби кормандони КҲФ истифодашаванда ва тарзи дурусти истифода бурдани онҳо шинос шуданд. Бояд гуфт, ки семинари мазкур дар доираи лоиҳаи “Саҳм ба қавигардонии зарфият ва бештар намудани устувории сохторҳои Ҳилоли Аҳмар ва ҷомеаҳои фарогирифташуда дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ва минтақавӣ дар кишварҳои интихобшудаи Осиёи Марказӣ (байнисарҳадӣ)” бо дастгирӣ ва маблағгузории Салиби Сурхи Олмон ташкил ва баргузор гардид. Дар расми ифтитоҳи машқи амалӣ қайд шуд, ки бо ҳадафи баланд бардоштан ва санҷидани донишу маҳорати аъзои гурӯҳҳо оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ҳамзамон қоидаҳои эътино дар вазъияти фавқулодда, яъне баҳодиҳӣ ба вазъият, расонидани ёрии аввали тодухтурӣ, кӯмаки психологӣ, эвакуатсия, системаи хабардиҳӣ, қоидаҳои бехатарӣ бо дарназардошти консепсияи дастрасии бехатар сарҷамъ намудани кормандон ва аъзои калидии ҶҲАТ бо ҳадафи ивази таҷриба ва фароҳам овардани фазои мувофиқ барои ба даст овардани ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ дар ҳолатҳои фавқулодда гузаронида мешавад.

Аз ҷониби иштирокчиён тарзи баҳодиҳӣ ва банақшагирии вокуниш (харитасозӣ, нақшаи вокуниш, баҳодиҳӣ), расонидани ёрии аввали тодухтурӣ ва кӯмаки аввалини психологӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқуллода, барқарорсозии робитаҳои оилавӣ, гузаштани дидбонгоҳи назоратӣ бо назардошти қоидаҳои бехатарӣ, хаймазанӣ бо назардошти вақт ва сифат дар амал нишон дода шуд. Бояд гуфт, ки кормандону волонтёрони Кумитаи ҶҲАТ дар вилояти Суғд бо баробари баланд бардоштани савияи донишу маҳорат ва ҳамаҷониба азхуднамоии ҷиҳати назариявии тарзи кӯмак расонидан дар ҳолатҳои офати табиӣ, ҳамзамон дар ҳама гуна ҳодисаҳои вобаста ба офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодда сари вақт ҳозир шуда, ба зарардидагон амалан дасти мадад дароз менамоянд.

Чунончӣ, дар самти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кӯмак ба ҷабрдидагони боришоти зиёди борон (сел), ки дар оғози моҳи июни соли равон ба сокинони ҷамоатҳои ба номи Ғафурҷон Ортиқов, Пӯлотон, кумитаи маҳаллаи Шарқ, Энаҷон Бойматоваи шаҳри Конибодом ва ҷамоатҳои Нефтобод, Нурафшон, Хонобод ва Шаҳраки шаҳри Исфара хисороти зиёд овард, саҳми хешро гузоштанд. Кормандону волонтёрони Кумитаи ҶҲАТ дар вилояти Суғд минбаъд низ бар он мекӯшанд, то дар самти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ саҳм гузошта, ҳамзамон барои оилаву ашхоси ниёзманд бо расонидани кӯмакҳои моддиву молиявӣ мусоидат намоянд.

Парвиз ҶАББОРЗОДА,
котиби иҷроияи Кумитаи ҶҲАТ
дар вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh