Волонтёрӣ чист? ва Волонтёр кист?

Тоҷикистони азизро кишвари ҷавонон меноманд, албатта ин дуруст аст, зеро 70 фоизи мамлакатро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ояндаи Ватан дар дасти онҳост, вале ман нигарони онам, ки оё ҷавонони мо дар ин замони ҳассос, замоне, ки тамоми ҷаҳонро таҳлукаи ифротгароӣ, ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ, ташкили гуруҳҳои зидди давлатӣ ва инқилобӣ фаро гирифтааст, барои муҳифизати кишвари худ саҳм гузошта метавонанд, сараввал сазовори чунин давлате ҳастанд, ки дар муддати кутоҳ захмҳои онро Эмомалии Раҳмон бо риштаи хуни худ духта ба чунин мақом расонидааст? Сабаб дар чӣ бошад, ки ба назари банда фарҳанг ва ахлоқи ҷавонони мо то андозае тираву коста ва камранг шуда, муносибаташон низ, ба сиёсати давлат бетараф ва бепарво гардидааст.

 Шояд яке аз омилҳои косташавии ахлоқи ҷавонон ин ворид гардидани фарҳанги пучу беъмании ғарб ва кӯр - кӯрона тақлид кардан ба он бошад? Барои он ки то кадом андоза дуруст будани фикри дар боло зикркардаи худро муайян созам, хостам фикру ақида ва шуғли ҷавонони имрӯзаро омӯзам. Имрӯзҳо ҷавонони мо бо чӣ кор машғуланд, магар фикри осудагӣ ва ободиву шукуфоии Ватанро доранд? Ба ғайр аз ин имрӯзҳо таълиму тарбияи онҳо бар души кист ва онҳо аз ҷониби кӣ чи тавр тарбия ёфта истодаанд? Мехостам чанд омилеро нисбати шуғли ҷавонон пешкаши хонанда намоям.

 Магар волонтёрӣ муд шудааст? 

 Фаъолияти волонтёрӣ таърихи қадима дошта, миёни мардумони Осиё аз замонҳои қадим дар шаклҳои гуногун вуҷуд дошт. Аввалҳо дар шинохти мардум волонтёрон нафароне буданд, ки ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мешуданд. Ин фаҳмиш то асрҳои 18-19 миёни мардумони Италия, Фаронса, Англия ва Германия корбурд мешуд. Аз аввалҳои асри 19 фаъолияти волонтёрӣ дар шаклҳои ташкилоти ҷамъиятӣ ё волонтёрии индивидуалӣ ба роҳ монда шуд. Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ қонун низ қабул гардидааст, ки мувофиқи он фаъолияти волонтёрӣ- ин шакли кор ва хизматрасонӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар самти беҳдошти вазъи иҷтимоию иҷтисодӣ ва маънавии давлат мебошад. Волонтёр шахси ихтиёрие аст, ки бо интихоби озоди вақт, кор ва малакаи худро бемузд ва ё ҷуброни хароҷот бевосита ва ё ба воситаи ташкилоти ҷалбкунанда ба манфиати ҷомеа пешниҳод менамояд.

 Вактҳои охир ба кадом кунҷи кишвар нанигарем, шумораи зиёди волонтёрон ба назар мерасанд, гӯё, ки волонтёрӣ муд шуда бошад магар шуғли ҷавонони мо ҳамин аст? Онҳо бо ин пеша чи манфиат медида бошанд? Магар ба онҳо ин шуғл зарурат дорад? Хостам барои ба ин савол ҷавоб гирифтан фикри яке аз волонтёрро шунавам ва руй овардам ба волонтёри Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд донишҷӯи бахши 3-юми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Нурбибӣ Бобоева:

 «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд ва ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд..» шояд таъсири ҳамин суханони Пешвои миллат буд, ки аз санаи 13-январи соли 2017 ман ба сафи волонтёрон пайвастам. Ҳар рӯз баъд аз соати дарсӣ ба раёсат меравам, дар онҷо мо ба якдигар дарс мегӯем, баъзан аз ҷониби муаллимаҳо ба мо дар муддати як моҳ забонҳои хориҷиро меомӯзанд, бештар аз ҷониби волонтёрони фаъол тренинг, семинар-машваратҳо, конфиренсияҳои илмӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва макотиби олӣ бо мақсади ҳидоят кардани ҷавонон ба роҳи дуруст ва пешгирии онҳо аз ҳодиса ва кирдорҳои номатлуби замон гузаронида мешавад, баъзан хонаи пиронсолон, кӯдакон ва мактабинтернатҳоро аёдат намуда, дар боғҳо ва театрҳо чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор менамоем, ҳангоми таҷлили чорабиниҳои гуногуни давлатӣ барои таъмин кардани риояи одоб ва тозагӣ кӯмак мерасонем, дар ҷойҳои серодам, марказҳои шуғли аҳолӣ, боғҳои истироҳати ва кӯчаву гулгаштҳо барои пешгирии ҳар гуна зуҳурот, дар мавзӯи гуногун «Танзим баракати зиндагӣ», «Хизмати Модар-Ватан шараф аст», «Оилаи солим ҷомеаи солим», «Об барои рушди устувор» ва «Бо Президентам ифтихор мекунам» аксияҳо мегузаронем.

 Мо - волонтёрон донишҷӯёни донишгоҳ кӯшиш мекунем, ки дар радифи Пешвои худ мардонавор баҳри нигоҳдории сулҳу оромӣ истодагарӣ намуда ҳикмату андарз ва пайғоми инсонгароиро таҳти шиори «Пайравони пешвои миллатем» ба ояндагон расонем».

 Пешаи волонтёрӣ силоҳест зидди ифротгароӣ

 Дар яке аз шумораҳои рӯзномаи “Ҷумҳурият” чунин хонда будам:

«Имрӯз шояд ягона марзе, ки муҳофизат карданаш душвор аст, марзи иттилоот бошад. Зеро иттилоот бо майна ва шуури инсон кор дорад. Ва муҳофизат кардани шуури одамон ҳам кори чандон осон нест. Ин дар ҳолест, ки сели ахбори аз берун ба фазои ин ё он давлат воридшаванда иттилои бесамту беҳадаф нест. Онҳоро ниҳодҳои алоҳида бо ҳадафу миқдори муайян паҳну интишор мекунанд. Зеро медонанд, ки «иттилоот ин ҳокимият аст» ва ҳар, кӣ иттилои бештар дорад, қудрати идора кардан дорад, қудрати ба даст гирифтани шуури дигаронро соҳиб аст».

 Бале дуруст аст, ки иттилоот метавонад фикри ҷавонон, балки тамоми мардумро дигар карда, ба онҳо аз ҷиҳати мусбату манфӣ таъсири худро расонад. Аз сабаби он, ки ҷавонони мо пайваста аз сомонаҳои интернетӣ истифода мебаранд фирефтаи иттилооти бардурӯғи ифротгароён гардида истодаанд. Бархе шахсони нопок ва хиёнаткор ҷавонони сустиродаро бо ин роҳ идора намуда, зидди сиёсати давлат бармеангезанд.

 Вале пас аз омӯзиш аз фаъолияти волонтёрон ба хулосае омадам, ки шумораи ин гуна ҷавонони сустирода кам гардида, зидди ин зуҳуроти номатлуб, яъне ифротгароӣ- ҷавонони мубориз бо пешаи «Волонтёрӣ» пайдо шуданд ва бо услубҳои хос зидди шахсони ифротгаро муборизаи идеологӣ бурда истодаанд.

 Сониян, саволе, ки дар боло гузоштам, посухаш бароям маълум гардид, яъне агар дар ҷомеаи имрӯзаи мо таълиму тарбияи ҷавонон бар ӯҳдаи волидайн ва омӯзгор бошад, пас имрӯз пурра гуфта метавонам, ки дар таълиму тарбияи ҷавонон саҳми Кумитаи кор бо ҷавонон ва зерсохторҳои он дар шаҳру навоҳии кишвар босазо буда ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ парварида истодааст. Пас маро зарур аст, ки барои расидан ва фаҳмидану паҳн кардани фаъолияти чунин пешаи мудгардида ба ҷавонони имрӯза кушиш ба харҷ диҳам.

 Мафтунаи Мансур,

 донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси рӯзноманигории

 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи академик

 Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh