ХУШУНАТ ВА ПЕШГИРИИ ОН

Таҷрибаи зиндагӣ собит месозад, ки мустаҳкам ташаккул ёфтани оилаи ҷавон ва ё ноустувор гардидани он ба сатҳи маърифат, таҷрибаи ҳаётӣ, оиладорӣ, шароити иқтисодиву иҷтимоӣ ва амсоли инҳо алоқамандии қавӣ дорад. Дар баробари ин, муносибати аъзои оила, махсусан, модаршӯ ба пойдории оилаҳои ҷавон таъсири бевосита дорад. Агар модаршӯ бо арӯс муносибати некӯ дошта бошад, он оила метавонад, яке аз оилаҳои намунавӣ дар ҷамъият гардад, баръакси ҳол пошхӯрии оилаҳои ҷавонро метавон мушоҳида намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори нигаронӣ аз пошхӯрии оилаҳо таъкид менамоянд, ки “ҳар сол аз шумораи умумии ақди никоҳи оилаҳои ба қайд гирифташуда 10 фоизи онҳо, бахусус, оилаҳои ҷавон бекор мешаванд”. Сарвари давлат омилҳои асосии ба миён омадани низоъҳоро дар таҳсил накардани зану шавҳар, наомӯхтани касбу ҳунар, эҳтиром надоштан нисбат ба падару модар, калонсолон, нозукиҳои муносибати хонаводагӣ дар муҳити нав, пастиву баландии рӯзгор ва дигар масъалаҳои ҳаёти мустақилона, ки ин ҳама ба хонавайронӣ расонида, таъсири манфиаш аз ҳама бештар ба худи ҷавонон аст, маҳсуб медонанд.

Дар Тоҷикистон, аз рӯи урфу одат, писарони бузургтар дар хонаю ҳавлиҳои мустақил ва хурдӣ ҳамроҳ бо падару модар умр ба сар мебаранд. Аз волидайн ҷудо зиндагӣ кардан ё танҳо гузоштани онҳо ҳангоми пиронсолӣ ноэҳтиромиро нисбат ба калонсолон эҷод намуда, зери танқиду эроди ҷомеа қарор мегирад ва ин амал писанди аксарияти ҷомеаи муосири тоҷик нест.

Вақте ки оилаи нав бунёд мешавад, хоҳ - нохоҳ арӯс ба муҳити бегона ворид шуда, бевосита бо шавҳар, модаршӯ, падарарӯс ва дигар аъзои он рӯ ба рӯ мешавад ва муносибат мекунад, ба иштибоҳ ва хатоҳо роҳ доданаш амри воқеист.

Ба синну соли ҷавонӣ ва тамоман ба фазои бегона ворид шудани арӯсро ба инобат нагирифта, аз ӯ анҷоми корҳоеро талаб ва интизор шудан худ як навъ низоъхоҳист. Давраи аз ҳама мушкил барои арӯс дар он зоҳир мегардад, ки бояд ӯ ба хонаи шавҳар мутобиқ шавад ва урфу одатҳои оиларо аз худ намуда, онро риоя созад. Ҳар як хонавода анъанаҳои хоси худро дорад.

Аз сабаби коста гардидани тарбия дар оила ва ниёз доштани навхонадорон ба ҳаётгузаронӣ 22 фоиз ё наздик аз чор як қисми пурсидашудагон аз муносибати созгор надоштани арӯс бо модаршӯ изҳори андеша намуданд, ки сабаби ба вуҷуд омадани низоъҳо ва вайроншавии оилаҳои ҷавон шудааст.

Ҳаёт собит месозад, ки дар баъзан ҳолатҳо на ин ки навхонадорон, балки модаршӯ ба арӯс рашк мебарад, дар зиндагӣ монеаҳои сунъӣ, амсоли ҳамдигарнофаҳмӣ, аз хоб дер хестан, дер пухтани хӯрок, дер аз кор омадан, пул кор накардан, ҳадя накардан, кори хонаро иҷро накардан ва ғайра эҷод мекунанд, ки марҳала ба марҳала байни якдигар ҳисси нобоварӣ, тарсу ҳарос, бадбинӣ, дурӯғгӯӣ, беэҳтиромӣ, қасосгирӣ ва ғайра пайдо мешавад.

Аслан интихоб ва бунёди ҳар як оила бо хоҳишу розигии ҷавону духтар сурат мегирад. Пас аз назарсанҷиҳои ҳар ду тараф ва писанд омадани оилаҳо барои қабули қарор дар интихоби ҳамсар падарону модарон ба фарзандон розигӣ медиҳанд. Ҷавонон назар ба духтарон дертар оиладор мешаванд, то ки соҳиби маълумоти олӣ ё касбу кори гуногун гарданд, дар зиндагӣ мустақилият пайдо намоянд ва ҳаёти хешро пеш баранд. Дар дигар ҳолат падарону модарон аз сабаби шароити мусоид доштан пас аз хатми мактаби миёна ба синну соли ҷавонии онҳо нигоҳ накарда, ба писарони худ ҳамсареро интихоб менамоянду зери тобеи худ ё дастнигари худ ба камол мерасонанд.

Ҷавонон мехоҳанд, оилаашон аз даст наравад, вале ба хотири дилгир накардан ва розигии модар (модаршӯ) писар бо қалбҳои дарднок бо роҳу усулҳои гуногун дар дохил ё хориҷи кишвар истода, оиларо барбод медиҳад. Ин мушкилот танҳо дар сурати пайдо гардидани нишонаҳои рашки модаршӯ, таъназании якдигар, рост наомадани хулқу атвори арӯсу модаршӯ ва иҷро накардани баъзан супоришҳои ӯ аз ҷониби арӯс мебошад. Дар натиҷа, ин ҳолатҳо барои фарзандон аламовар боқӣ мемонад.

Модаршӯ арӯсро маҷбур месозад, ки ба хотири гӯё беэҳтиромӣ ва ё муаммои ночиз байни модаршӯ шавҳарашро рақиб гузорад. Дар натиҷа, фақат аз тарбияи нодуруст ва амали нуқсондори арӯс ҳарф мезанад, ки он оҳиста-оҳиста ба ҳисси нобоварӣ, бадбинӣ ва қасосгирӣ оварда мерасонад. Таҷрибаи фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии «Гулрухсор» дар шаҳри Хуҷанд нишон медиҳад, ки «хушдоманҳои ҳар ду тараф нисбат ба арӯс ё домод камбудиҳои якдигарро мекобанд ва таъназанӣ мекунанд». Ҳисси нобоварию бадбинӣ, ки дар оила пайдо шуд, байни зану шавҳар низоъ ба вуҷуд меоянд.

 Дар ин ҳолат, албатта, оила чун пештара солим буда наметавонад ва дар мафкураи онҳо аллакай тарсу ҳарос, ҷустуҷӯи камбудиҳои якдигар, фишору зӯроварии ҷисмониву равонӣ ба вуҷуд меоранд. Барои хушбахтии оила ҳам модаршӯ ва ҳам арӯс бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Ф.ҲОДИБОЕВ,
дотсенти Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд
ба номи академик
 Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh