Иқдоми нек – лоиқи дастгирӣ

Об муқаддас аст. Бидуни об дар рӯи замин инсон, олами набототу ҳайвонот вуҷуд дошта наметавонанд. Об ҳасту ҳаёт ҳаст. Ҳанӯз дар Иҷлосияи 54 - уми Созмони Милали Муттаҳид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи дастрасӣ ба оби тозаро ба миён оварданд ва соли 2003 - юм «Соли байналмилалии «Оби тоза», солҳои 2005 - 2015 «Даҳсолаи амалиёти об - барои ҳаёт» ва солҳои 2018 – 2028 боз бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардид.

Дар ин раванд ва инчунин, се соли минбаъдаро «Солҳои рушди сайёҳӣ, деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон доштан, дар ноҳияи Зафаробод корҳои ободонӣ идома дорад. Ба ин муносибат тадбирҳои мушаххас ва инчунин дастрасӣ ба оби тоза дар баъзе мавзеъҳои ноҳия, ки масъалаи мазкур хеле ҳалталаб аст, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва мақомоти маҳаллӣ баҳри таъминоти сокинон бо оби нӯшиданӣ ва полезӣ тадбирҳо амалӣ шуда истодааст.

Чанд банди нақша - чорабинии ба ифтихори ҷашни таърихии 30 - солагии соҳибистиқлолии кишвар тарҳрезигардида масъалаи таъминот бо оби полезӣ ва нӯшокиро дар бар мегирад. Тавре дар ин бобат намояндаи Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи ноҳия арз дошт, давоми нӯҳ моҳи соли 2019-ум 49486 нафар бо оби нӯшиданӣ таъмин гардиданд, ки он 66,9 фоизи аҳолиро фарогир буда, нисбат ба ҳамин даври соли сипарӣ 610 нафар ва ё 0,15 фоиз зиёд мебошад. Корхонаи номбурда дар ин давра ба миқдори 63 ҳазор метри мукааб оби нӯшокӣ истеҳсол намуд. Ҳаҷми фурӯши об 573 ҳазор метри мукааб буда, он сад фоизи нақшаро дар бар мегирад. Дар ин муддат дар доираи эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 75 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид.

Ба об дастрасӣ надоранд

Бо вуҷуди эълон гардидани «Солҳои рушди сайёҳӣ, деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» аксари мардуми ноҳияи Зафаробод ба оби тозаи нӯшокӣ мувофиқи матлаб дастрасӣ надоранд. Масалан, дар Ҷамоати шаҳраки Зафаробод аз 26617 нафар аҳолӣ 19886 нафар, ки ин 74,7 фоизи аҳолӣ, дар Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод аз 12979 нафар танҳо 8912 нафар (68,7 фоиз), дар Ҷамоати шаҳраки Ҳ.Алиев аз 11262 нафар 7692 нафар ё 68,3 фоиз, дар Ҷамоати деҳоти Равшан аз 16025 нафар 10624,0 нафар (66,3 фоиз), дар Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ аз 7089 нафар 2268 нафар ё 32 фоиз, ҳамагӣ дар ноҳия аз 73972 нафар 49382 нафар ва ё 66,8 фоиз бо оби тозаи ошомиданӣ таъминанду халос.

Барнома ҳасту амал нест …

Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия баҳри бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин намудани аҳолии ноҳия 9 лоиҳа дар ҳаҷми 25540 ҳазор сомонӣ омода шуда бошад ҳам, аммо то ҳол ягон лоиҳа амалӣ нагардидааст.

Тибқи нақша - чорабинии ба ифтихори сазовор ҷашн гирифтани санаи таърихии 30 - солагии соҳибистиқлолии кишвар дар чанд ҷамоати ноҳияи Зафаробод масъалаи таъминот бо оби полезӣ, бо ин мақсад кофтани чоҳҳои амудӣ барои оби полезӣ корҳо идома дошта, дар ин саҳми аҳолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ хеле назаррас мебошанд. Масалан, дар Ҷамоати деҳоти Равшан аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонии «Парвина», «Каримҷон», «Нисо», «Исҳоқбобо», «Муллоҳоҷӣ», «Ҳоҷиқузилбобо», «Хайёмҷон», «Бобоюнус», «Эҳёи Суғд», «Ҳамзаалӣ», «Ҳумайнӣ», «Шоҳрух 2014», «Муҳсин» ва дигарон 16 адад чоҳи амудӣ кофта, ба истифода дода шуд, ки алҳол дар ин хоҷагиҳо таъминоти оби полезӣ мувофиқи матлаб иҷро шуда истодааст. Ба ифтихори тантанаи таърихии 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, се соли минбаъда эълон гардидани «Солҳои рушди сайёҳӣ, деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ», инчунин ба муносибати Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» итминони комил дорем, ки курсинишинони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод омодагии хуб дида, ҷашнҳои таърихиро бо туҳфаҳои арзанда истиқбол хоҳанд гирифт.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh