Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Гулистон

7 ноябри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баррасии муроҷиатҳои саривақтии сокинон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон қабули шаҳрвандонро баргузор намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинони шаҳри Гулистон таъкид кард, ки роҳбарияти вилоят илова бар рӯзи шанбе, ки рӯзи қабули шаҳрвандон аст, тибқи нақшаи корӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо рӯзҳои қабулро доир намуда, барои ҳалли мушкилоти мавҷудаи шаҳру деҳоти вилоят тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Дар рафти қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят 10 нафар  сокинони шаҳри Гулистон бо масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла таъмиру тармими иншооти иҷтимоӣ, таъмин шудан бо манзил, дарёфти кӯмаки моддӣ, мусоидат барои гирифтани табобат, кашидани хатти барқ ба маҳаллаҳои навбунёд ва ғайраҳо пазируфта шуданд.

Вазира Абдулфайзова – яке аз муроҷиаткунандагон миннатдории худро ҷиҳати дастгирии доимии ҳунармандон ба Раиси вилоят баён намуд. Ӯ изҳор дошт, ки бо пешниҳоди лоиҳаи худ ба комиссияи грантии Раиси вилоят 10 000 сомонӣ грант дарёфт карда, барои рушди чакандӯзӣ, гулдӯзӣ ва қуроқдӯзӣ дар шаҳри Гулистон саҳм гузошта истодааст. Раҷаббой Аҳмадзода ба ин бонуи ҳунарманди шаҳр тавсия дод, ки аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби занону духтарони бешуғл ба омӯзиш ва кор мусоидат намояд.

Раиси вилоят пас аз шунидани муроҷиатҳои сокинон ба масъулини сохторҳои вилоятӣ ва роҳбарияти шаҳр барои баррасӣ ва ҳали масъалаҳои матраҳшуда супоришҳои мушаххас дод.

Ёдовар бояд шуд, ки аз ҷониби роҳбарияти вилоят дар шаҳру ноҳияҳо мунтазам қабули шаҳрвандон гузаронида мешавад. То ин дам қабули шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Айнӣ, Панҷакент, Ашт ва Исфараву Бўстон баргузор гардида, ба ҳалли як қатор муаммоҳои маҳал мусоидат намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh