Ба Раиси вилоят 15 нафар муроҷиат намуданд

Санаи 1 - уми ноябри соли равон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Бӯстон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули шаҳрвандонро баргузор намуд, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории вилоятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарияти шаҳр ширкат варзиданд.

Раҷаббой Аҳмадзода қабл аз баррасии масъалаҳои шаҳрвандон зикр дошт, ки чорабинии мазкур дар партави сиёсати мардумпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ҳадафи он баррасии масъалаҳои муҳими сокинон ва ҳалли саривақтии онҳо мебошад.

Боиси зикр аст, ки дар ҷараёни қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят 15 нафар нафар сокинон бо масъалаҳои мухталиф пазируфта шуданд, ки муҳтавои асосии муроҷиати шаҳрвандон аз масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, нарасидани оби нӯшокӣ, таъмиру тармими иншооти иҷтимоӣ, кӯмаки моддию молиявӣ ва амсоли ин иборат буданд.

Чунончӣ, сокинони шаҳр Денис Бобулов бобати расонидани кӯмаки моддӣ ва дастгирии ятимон, Мухбирахон Ҳоҷибоева роҷеъ ба масъалаи гирифтани замини наздиҳавлигӣ, Ваҳдатшо Мариншоев оиди таъмиру тармими варзишгоҳи марказии шаҳр, Муродулло Шомамадов бобати таъмири куллии Қасри фарҳанги шаҳр, Нафиса Муллобоева ҷиҳати таъмини шаҳраки Палос бо оби нӯшокӣ, Умедҷон Абдуллоев роҷеъ ба ниёз доштани беморхонаи марказии шаҳрӣ ба таҷҳизоти муосири ташхиси рентгенӣ ба Раиси вилоят муроҷиат намуданд.

Раиси вилоят аз қабули шаҳрвандон натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки ҳадафи чорабинии имрӯза ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва мушкилоти мардум мебошад. Ба масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва роҳбарияти шаҳр супориш дода шуд, ки ба ҳалли масъалаҳои шаҳрвандон эътибори зарурӣ дода, мушкилоти онҳоро саривақт ҳаллу фасл намоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар давоми 9 моҳи соли равон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 171 нафар сокинони шаҳри Бӯстон муроҷиат намудаанд. Ин рақам баёнгари он аст, ки дар шаҳр масъалаю муаммоҳои ҳалталаб зиёданду фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр дар ин самт беҳбудӣ металабад.

Мухтори Абдулло,
“Ҳақиқати Суғд”

 

 

 
 

Add comment


Security code
Refresh