Об - сарчашмаи ҳаёт

Мувофиқи маълумоти созмонҳои байналхалқӣ, 31 дарсади муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷаҳон ба оби тоза дастрасӣ надоранд. Сипоси ин сарзамин мекунем, ки Тоҷикистон саршор аз оби мусаффост. Мо, тоҷикон обҳои ошомиданӣ, полезӣ ва табобативу дармонбахш дорем. Кӯдакони мо ҳам дар хона ва ҳам дар боғчаву мактабҳо бо оби нӯшиданӣ таъмин мебошанд.

Бино ба гуфти директори Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсия дар шаҳри Истаравшан Ҳасанхон Умаров, дар як шабонарӯз ба корхонаҳо ва аҳолии шаҳр 11 ҳазор литр об дода мешавад. Муҳимтарин ташаббусу иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз бахшидани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мебошад. Кормандони корхона азм доранд, ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо корҳои ободониву созандагӣ сазовор пешвоз мегиранд.

Имрӯзҳо дар шаҳр бо маблағгузории Бонки Аврупо, Таҷдид ва Рушд ҷиҳати сохтмону барқарорсозии иншооти обтаъминкунӣ як қатор корҳо ба итмом расонида шудаанд.

Аз буҷети шаҳр соли 2017 ба маблағи 47,7 ҳазор сомонӣ ва соли 2018-ум 50 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд, ки барои хароҷоти ин маблағҳо корхона тендер гузаронида, 2 чоҳи амудӣ ва 3 насоси обкашӣ харидорӣ ва истифодаи мақсадноки он таъмин гардид. Дар натиҷа сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ хеле беҳтар шуд. Барои корҳои созандагиву барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ аз буҷети шаҳр соли равон 646 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар натиҷаи ивазкунии қубурҳо таъминоти аҳолии шаҳр бо оби тозаи нӯшокӣ дар ду соли охир аз 33 ба 85 фоиз расонида шуда, корбарӣ дар ин самт босуръат идома дорад.

То имрӯз ба 1850 қубури обгузари муштариён ҳисобкунакҳои обӣ васл шудаанд, ки ҳоло корбарӣ дар ин самт идома дорад. Ташкилотҳои буҷавӣ ва корхонаҳои худмаблағгузор 100 фоиз бо ҳисобкунакҳои обӣ таъминанд.

Биноҳои баландошёнаи назди боғи Адибон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қубурҳои обтаъминкунӣ ба масофаи 120 метр ва партовоб ба масофаи 117 метр пайваст шудаанд.

Қубурҳои обтаъминкунии шаҳр 193 километр ва партовоб 46 километрро ташкил медиҳанд, ки солҳои тӯлонӣ истифода шуда, ба садамаҳо дучор шуда истодаанд. Дар лоиҳаи тасдиқгардида ивази 24 километр қубурҳо ба нақша гирифта шуда, барои таъминоти пурраи аҳолии шаҳр бо оби нӯшокӣ боз ивази 17 700 метр қубури обтаъминкунӣ зарур аст.

Дар мавзеи Қасри фарҳанг 85 метр ноқили барқии калонҳаҷм ва 1 адад автомати барқӣ иваз карда шуд. Дар асоси лоиҳаи тасдиқгардида оид ба кофтани чоҳҳои амудӣ, корҳои созандагиву бунёдкорӣ оғоз гардида, дар ҳудуди муассисаи “Хонаи таълим ва истироҳат” ва кӯчаи Ҳаёти Нав санҷишҳои геологӣ гузаронида шуд. Дар ҳолати кофта баистифодадиҳии чоҳи амудии МТМУ №20 таъминоти оби нӯшокии сокинони биноҳои баландошёна, аз ҷумла ҷамъияти нобиноён ва беморхонаи марказӣ боз ҳам беҳтар мегардад.

Роҳбарияти корхона дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки сатҳу сифати хизматрасониро боз ҳам баланд бардошта, барои бо пуррагӣ таъмин намудани аҳолии шаҳр бо оби тозаи нӯшокӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо истифода бурда, ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор истиқбол намояд.

Сайфулло МАҲКАМОВ,
 рӯзноманигор

Add comment


Security code
Refresh