Артиш мактаби мардонагиву шуҷоатмандист! - мегӯянд ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар раҳсипор шуданд

Мусаллам аст, ки хизмати Модар – Ватан қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард ба ҳисоб меравад. Сол аз сол ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд, зиёд гардида истодааст. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам овардани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои судманд амалӣ менамояд.

Ҳангоми суҳбат масъулияти ватандӯстиву хештаншиносиии чунин ҷавонон барало эҳсос мегардид.

Даъватшаванда аз шаҳри Конибодом Сорбон Ашӯров зимни суҳбат гуфт, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ вазифаи ҳар як ҷавони ватандӯсту меҳанпараст аст. Ғамхориҳои Пешвои миллат барои мо, ҷавонон барало мушоҳида мешаванд.

Банда ифтихор аз он дорам, ки дар қатори ин ихтиёриёни шуҷоъ ба хизмати Модар - Ватан рафта истодаам.

- Ман аз номи худ ва аз номи тамоми ихтиёриёни шуҷоъ ваъда медиҳам, ки содиқона ба Ватан хизмат намуда, бо сари баланд ба назди падару модар бармегардам.

Ҳамчунин, серҷант Исломхон Ҳомидов, ки имрӯз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар адои хизмат дорад, қайд намуд, ки ҳифзи марзу буми кишвар яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҳар як сокини мамлакат маҳсуб меёбад. Ҳадаф аз даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии кишвар, ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватан ва баланд бардоштани донишу малакаи ҷавонон мебошад.

- Имрӯз шароит дар қисмҳои низомӣ хуб буда, мо ягон камбудӣ надорем. Бовар дорам, ки ин ихтиёриёни шуҷоъ низ қарзи фарзандии худ, яъне хизмати Ватан - Модарро сарбаландона иҷро хоҳанд кард, - иброз намуд номбурда.

Фарҳод Дадозода, падари даъватшавандаи ихтиёрӣ сафарбар шудани ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихор ва сарбаландии падарону модарон маънидод намуд ва бо боварӣ гуфт, ки ин ҷавонони тавоно марзу буми кишварро чун гавҳараки чашм ҳифз хоҳанд кард.

Даъватшаванда аз ноҳияи Айнӣ Шоҳрух Элмирзоев, ки баъди хатми донишгоҳ ихтиёран барои адои хизмати Ватан ҳозир шудааст, оид ба ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, қайд кард, ки хизмати Ватан - Модарро сарбаландона ба анҷом расонида, ба назди падару модар бармегардад.

- Ватан азизтарин неъмат барои фарзандони миллат аст. Онро касе аз таҳти дил ва мағз андар мағзи ҷон дӯст дошта метавонад, ки ифтихори баланди ватандӯстӣ дошта бошад. Имрӯз хурсандии волидон, ки фарзандони худро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ гусел карда истодаанд, ҳадду канор надорад. Мо фахр аз он дорем, ки фарзандони мо дар фазои софу ором ба воя расида, лоиқи хизмат ба Ватан гардиданд, - гуфт падари даъватшаванда аз ноҳияи Деваштич Холиқназар Шокиров.

- Фарзандам бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рафта истодааст. Ман ӯро дастгирӣ намуда, ба ӯ роҳи сафед орзу намудам. Мо - падару модарон шукрона менамоем, ки Сарвари давлат ба фарзандони мо тамоми шароитро фароҳам овардаанд. Ин ҳама тинҷиву оромӣ ба шарофати Истиқлолият, Ваҳдату ягонагӣ бо сарварии Пешвои миллат мебошад, - илова намуд Х. Шокиров

Абдулазиз Мирқулов, даъватшаванда аз ноҳияи Шаҳристон гуфт, ки ватандорӣ рукни ҳастии миллат ва неъмати бебаҳост. Волотарин нерӯи ватандорию ватандӯстӣ расидан ба қадри миллат ва давлати соҳибистиқлол, ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи марзу буми он аст.

Боиси хушнудист, ки имрӯз садҳо ҷавонмарди баору номуси диёрамон бо амри дил баҳри ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва ифтихори мудофиавии он барои хизмати содиқона ба Ватан - Модар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ сафарбар шуда истодаанд. Онҳо хуб медонанд, ки дӯст доштани Ватан - дӯст доштани модар аст ва бо дарки чунин масъулият омода ҳастанд, ки қарзи ҷавонмардии худро иҷро намоянд.

Обидҷон Қодиров, даъватшаванда аз шаҳри Гулистон, ки баъди хатми Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон бо хоҳиши худ баҳри ҳимояи марзу буми кишвар равона аст, таъкид намуд, ки ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ наҳаросанд ва дар вақташ ба хизмат рафта, бо сари баланд ва ифтихори бузург ба зодгоҳашон баргарданд.

Ҷоиз ба қайд аст: алҳол дар саросари ­­­­­кишвар маъракаи сиёсии даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар идома дорад. Ин маърака соле ду маротиба доир шуда, ҷавонон баҳри обутоби бадан ва гузаштан аз мактаби мардонагиву шуҷоатмандӣ шомили Артиши миллии кишвар мегарданд, ки ин шарафи бузург аст. Зеро мегӯянд: “Хизмат дар сафи Артиш мактаби мардонагиву шу­­­ҷоатмандист!”.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”

 

Add comment


Security code
Refresh