Муноқиша пешакӣ тарҳрезӣ шуда буд, - мегӯянд сокинони Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача

Чуноне қаблан иттилоъ дода будем, шаби гузашта яъне санаи 16  сентябри соли равон тақрибан соати 18:45 дар маҳаллаи наздисарҳадии Баҳори Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муноқиша байни сокинони ду минтақаи сарҳадӣ сар зада буд.

Бобати гирифтани маълумоти муфассал кормандони ВАО ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.

Тибқи иттилои Раиси маҳаллаи Қалъачаи Ҷамоати мазкур Набӣ Рустамов рӯзи гузашта тақрибан соатҳои 18 – 30 дақиқа ногаҳон садои тиру туфанг баланд гардид, ки мардум ба таҳлука афтоданд. Вақте, ки ба берун баромадему аз асли ҳодиса воқиф шудем, занону кӯдаконро ба макони бехавф кӯчонидем.

Номбурда мегӯяд, ки барои ҳимояи диёри худ гарчанде, ки вазъият хавфнок буд, лекин макони худро тарк накардем, хоки поки муқаддаси Ватанро барои ҳимояаш ҳамеша омодаем.

-Ҳодисаи мазкур тақрибан ду соат давом кард. Мо худ шоҳид будем, ки аз болои хонаҳоямон тири нохалафи ҷониби қирғизҳо мегузашт, ки ҳолати даҳшатафкан ба миён омада буд. Ба ин нигоҳ накарда, мо мардони маҳалла барои ҳимояи замини худ шабро рӯз намуда, аз пайи ҳимояи ҳар як порчаи кишвари азизи худ истодагарӣ намудем, - гуфт зимни сӯҳбат Н. Рустамов.    

Ҷоиз ба қайд аст, ки дар маҳаллаи Баҳори ҷамоати деҳоти Овчиқалъача ҷониби қирғизҳо беогоҳӣ ва хилофи созишнома сохтмони як иншооти номаълумро оғоз карданӣ шуда, масолеҳи сохтмониро оварданд. Аз ин амали онҳо сокинони маҳаллаи Баҳор норозигӣ баён дошта, даъват намуданд, ки корҳои сохтмонии ғайриқонуниро  қатъ намоянд. Зеро ин мавзеъ ба ҷамоати деҳоти мазкур тааллуқ дорад.  

Муовини раиси Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача Абдуҳамид Одинаев, мегӯяд, ки муноқиша дар назди варзишгоҳи деҳоти Қалъача рух дод. Дар ин варзишгоҳ солҳои пеш мусобиқаҳои варзиши байни ҷавонони ҳамсоякишвар баргузор мегардид. Ҷониби ҳамсоя, то имрӯз бе ягон мушкилот омаду рафт ба бозору муассисаҳои тандурустии ноҳияро дорад.

Бино ба гуфти сокинони ҷамоат шаҳрвандони Қирғизистон молу маҳсулоти худро бе ягон монеа ба бозор оварда ба хариду фурӯш машғул мешаванд. То имрӯз боре ҳам аз ҷониби сарҳадбонону сохторҳои қудратӣ бобати буду боши онҳо ва сабаби омаду рафт, дар минтақаи аҳолинишини тоҷикон монеае эҷод нашудааст.

Аммо дар сурати гузаштани ягон шаҳрванди ҷониби мо ба марзи Қирғизистон сарҳадбонони қирғиз мушкилиҳои зиёде бобати гузаштани марз пеш меоваранд.

М. Самадова,

И. Кучиев,

“Ҳақиқати Суғд”

 

 

 

Ё АМАЛИ ҒАЙРИҚОНУНИИ САРҲАДБОНОНИ ҚИРҒИЗ 

Add comment


Security code
Refresh