АЗ ҶАҲОЛАТ ОЛАМЕ ВАЙРОН ШАВАД

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик то чи андоза халқияте буд, бофарҳанг, ваҳдатшиор ва пирӯзу комгор. Миллате буд, ки симои нафароне аз сарсупурдагону қаҳрамонони шуҷоъро дар худ дошт. Ва имрӯзиён ифтихор аз он дорад, ки насли он қаҳрамононад, гузаштаашонро ҳамон далерону ватанхоҳон пур карда.

Номи оне, ки нек бошад, ҷовидон аст. Чун дар роҳи озодӣ ва ба даст овардани сулҳ бо некбинию рафоқат зафарманд гашатаанд. Ва номи оне, ки бо ҷаҳолату разолат омехтагӣ дорад барои абад бенишона аст. Чун аз ҷаҳолат оламеро вайрон намудаанд. Бо ақидаҳои ифротӣ, амалҳои ваҳшонии хеш аз ҷаҳолатпешагон мардумро мушавваш намуда, кишварро тороҷ менамоянд. Онҳо террористоне ҳастанд, ки ҳатто модари худро аслу насли худро намедонанд ва эҳтиром намегузоранд. Чун онҳо худрову нишонашонро гум кардаанд, асолати худро аз даст додаанд. Ба доми онҳое афтодаанд, ки ақидаҳои ғайр доранд, бадсиришту бадкинаанд ва нияти пешравии ҷомеаро намехоҳанд. Ягона хоҳиши онҳо ҳамин аст, ки бояд мардумони бечора ҳамеша ғулом ва фармонбардору муттакои онҳо бошанд.

Миллати тоҷик, ки як бор аз чунин ҳодиса даҳшатбор таҷриба кард, он рӯзҳои мудҳишро ба касе раво намебинад ва аз вазъияте, ки имрӯз дар чанде аз давлатҳо ба амал меояд,сахт анлӯҳгин буда, ҷиҳати андешидани тадбирҳо нисбат ба пешгирии чунин зуҳуроти ғайр талош менамояд.

Муборизаро алаййҳи ин нерӯи тафритгар пурзӯр намуда, нишон медиҳем, ки Тоҷикистон дар ҳалли муаммоҳои глобалӣ дар канор набуда, пайваста талош меварзад, то дар бартараф сохтани ин масъалаҳои мубрами рӯз саҳме дошта бошад. Зеро Тоҷикистон миллати сулҳхоҳу сулҳшиор аст ва хоҳони он аст, ки дар тамоми  олам дар ффазои софу озод кабӯтарони сулҳ дар парвоз бошанд.

Мавлонова Маърифат,
мутахассиси шӯъбаи ВАО-и ДПДТТ

Add comment


Security code
Refresh