“ВАТАНДОРОН ” Ё РОҲЗАНҲОИ НАҲЗАТӢ
- Details
- Published on Thursday, 03 October 2024 11:12
Имрўз мо бо ифтихор метавонем, изҳор намоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи Созмони милалии муттаҳид мебошад ва ба даҳҳо созмонҳои дигар шомил шуда, намегузорад, ки дар кишвари азизи мо нобасомониҳои асри гузашта аз рӯи бархе нотавонбинон рух диҳанд. Миллати тоҷик аз вазъияте, ки дар дигар давлатҳои дунё аз дасти ифротгарон сар зада истодааст сахт андӯҳгин буда, барои ҳалли ин муаммоҳои ҷаҳонӣ худро дар канор нахоҳад гирифт. Зеро миллати тоҷик аз он ҳаводиси даҳшатбори аз сар гузаронидааш сабақи зарури гирифтаасту дигар он рӯзҳоро ба ёд овардан намехоҳад. Ва мардуми башардӯсти тоҷик ба ягон миллату мардуми олам онро раво намебинад.
Гирдиҳамоии ташкилнамудаи Гадоеву он пири нокас чи тӯҳматҳову суханони гӯшношунидро бар зидди миллати мо гуфта, боз “ватандорӣ” унвон додаанд ба ин ташкилии моҷароҷӯёнаи худ. Пас ин ҷо суоле ҳаст, ки оё “Ҳомиёни ватан” и Шарофиддин Гадоев бо ин бесариҳояшон аз кадом муаамои миллат ҳимоят мекарда бошад? худро талқин мекунанд, ки ин ватанфурӯшию хиёнаткорист.
Барои тамоми мардуми ҷаҳон, бахусус сокинони Осиёи Марказӣ мусаллам мебошад, ки Ватани мо мардуми фарҳангсолори мо аз қадимтарин сарзамини биҳиштосо буда, таърихи беш аз даҳҳазорсола дорад.
Албатта ҳамаи ин дастоварду гиромидошти он арзишҳо маҳз бо талошу заҳматҳои сарвари давлатамон бадаст омадааст. Ба ҳамин хотир ба Гадоев хотирнишон месозам, ки ягон ҳоҷате нест, ки барои мардуми мо наҳзатиҳо фарҳанги давлатдорию озодӣ омӯзонад.
Дар асл ин гирдиҳамоии нобакорон аз он дарак медиҳад, ки онҳо аз ватани мо не, бо додгари бар зидди сарвари давлати мо ҷониби роҳбарияти Паймони миллӣ мераванд,
Имрўзҳо ба ақидаи худ тарғибгарони ТТЭ ҲНИ бар он назаранд, ки худро озодхоҳ ва ватанпараст нишон дода, дар асл ақидаҳои ҷангҷӯёнаю ноустувор, зидди сулҳу ваҳдат ва ҳамзистиву ягонагӣ, зиндагии осоишта садо баланд мекунанд, далели ин гуфтаҳо он аст, ки дар ҳар маросими ҷашнвораи миллатамон ҳатман кадом вайронкориро оғоз мекунанд.
Маърифа Мавлонова,
устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд