МАН ТОҶИКАМ, ТОҶИКНАСАБ АСЛУ НАЖОДАМ ТОҶИКИСТ

Ифтихори миллӣ ва соҳибфахр шудан аз ватану ватандорӣ ин нишонаи олии содиқ будан ба миллати худ ва халқи худ мебошад. Ҳамин аст, ки барои устувор намудани пояҳои давлатдории мустақил ва озод аз ҷониби ҳамаи масъулони давлату Ҳукумати кишвар назаррас аст. Чун танҳо миллати озод ва огоҳ метавонад, ки беиллату пойдор бошад.

Аммо ташвишовар дар ин замони муосир он аст, ки дар ҷомеа табақаҳои гуногуни осебпазир аз ҷумлаи ҷангҷӯёну тафритгарон ва бегонапарастон афзуда истодаанд. Мо бояд қадри номи тоҷикии худро донем. Фарҳанги мллии худро пос дорем. Забони ноби тоҷикиро аз оризаҳои гуногун эмин дорем. Он бадсириштон албатта нияти барбод додани чунин тамаддуни пургуҳарро доранд. Ба сохти давлатдориамон худро омезиш медиҳанд, миёни мадум фарҳанги бегонаро ворид мекунанд, хокамонро олуда месозанд забонамонро мегиранд, дар натиҷаи мебинем, ки даввлатро ба худ мутобиқ кардаанд. Пас вазифаи мо аз он иборат аст, ки пеши роҳи чунин нобасомониҳо гирифта, барои устувории пояҳои давлатамон саҳмгузор бошем.

Гулчеҳра Муллоусмонова,
устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии ДПДТТ

Add comment


Security code
Refresh