ТТЭ ҲНИ – ХИЁНАТКОРИ ВАТАН
- Details
- Published on Thursday, 03 October 2024 09:09
Баъди соҳибихтиёр гардидан Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷанги бародаркушӣ рӯ ба рӯ шуд, ки ин ҷанг ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ зарари калон расонид.
Ҳадафҳои нопоки афроди ношоиста дар оғози ташаккули давлати навини тоҷик боиси чандин сол қафо мондани Тоҷикистон гардид, ки баъд онҳо ҳамчун хиёнаткорони асосии давлату миллати тоҷик шинохта шуданд.
Яке аз ин гурӯҳ дини мубини исломро ба худ ниқоб намуда, ҲНИ ташкил намуданд. Ин гурӯҳ аз вазъияти мусоид барои худ истифода намуда, ба сафҳои худ шаҳрвандони ноогоҳро ҷалб намуданд.
Бо гузашти муҳлати муайн таърих ба ин гурӯҳ баҳо дод, ки ҲНИ чигуна ташкилот буда, чӣ мақсад дошт. Аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИ ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ эълон карда шуд.
Таърих гувоҳ аст, ки ТТЭ ҲНИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кунандаи ҷанги шаҳрвандӣ мебошад, ки дар натиҷаи он ҳазорҳо шаҳрвандони кишвар қурбон гаштаву зиёда аз 10 млрд доллари амрикоӣ ба иқтисодиёти кишвар ҳисорот расонида шудааст. ТТЭ ҲНИ то ҳол ба дасисабозию иғвогарии худро давом дода истода пешравии Ҷумҳурии Тоҷикистон дида наметавонад.
А. БОБОЕВ,
устоди факултаи таърих ва
ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд