Истиқлолият – бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ!

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 6 - уми сентябри соли 2019 дар толори Қасри таърихии Арбоб ҷаласаи мутантан бахшида ба ифтихори 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳо, фаъолон ва пешқадамони соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва меҳмонон аз вилоятҳои Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон ва Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат варзиданд.

Маҷлиси тантанавӣ бо барафрохтани Парчами миллӣ ва садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозирин ва дар симои онҳо кулли мардуми вилоятро ба муносибати ин ҷашни муқаддаси миллӣ табрику таҳният гуфт.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид низ дар ҷаласа сухан ронда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми меҳнатқарин ва сарбаланди вилояти Суғдро ба ифтихори ҷашни мубораки 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд.

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид Истиқлолиятро бузургтарин рӯйдод, азизтарин неъмат ва муқаддастарин ҷашни миллӣ унвон карда, ҳини суханронӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд ҳарф зад. Бистуҳашт соли даврони истиқлолият дар муқоиса бо таърихи бостонии халқи тоҷик ва ҳатто аз нигоҳи раванди бунёди давлати муосир фосилаи чандон тӯлонӣ нест.

Сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои сахту сангине, ки дар ин муддат вуҷуд доштанд, мо тавонистем таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо такя ба ақлу заковат ва дастгирии самимонаву заҳмати софдилонаи мардуми сарбаландамон дар роҳи эъмори давлати муосири демократӣ ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузорем.

Дар тӯли солҳои Истиқлолият тавассути амалисозии барномаву стратегияҳои давлатӣ ва сафарбарсозии тамоми захираву имкониятҳо сатҳу сифати зиндагии мардум бамаротиб баланд бардошта шуд.

Агар дар соли 2013 дар ҷумҳурӣ ба маблағи 40,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда бошад, пас дар соли 2018 ин рақам беш аз 65 миллиард сомониро ташкил дод.

- Дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат саҳми мардуми вилояти Суғд низ назаррас мебошад, - аз ҷумла зикр дошт Давлаталӣ Саид.

Дар баробари ин сатҳи зиндагии мардум сол то сол баланд шуда, дастовардҳо дар тамоми самтҳо афзун мегарданд. Агар соли 2000 буҷети умумии вилоят 23 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас соли 2018 ба 1,8 миллиард сомонӣ расидааст, ки нишондиҳандаи баланд мебошад.

Алҳол дар ҷумҳурӣ беш аз 30 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад, ки маблағи умумии онҳо 30 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд татбиқи 18 лоиҳа бомуваффақият идома дорад.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат таъкид дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ дар баробари он, ки неъмати бузург мебошад, ҳифзу таҳкими он ба дӯши мардуми кишвар масъулияти азимеро низ мегузорад. Яке аз омилҳои расидан ба қадри ин неъмати бузург ва ҳимояи он дар зеҳну шуури ҳар як соҳибватан ташаккул додани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ маҳсуб мегардад.

- Соли 2021 мардуми сарбаланди мамлакатамон ҷашни бузурги 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Боварӣ дорам, ки мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони сарбаланди Суғди бостонӣ ин ҷашни ҳумоюнро бо ифтихори баланди миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ ва бо дастовардҳои шоиста истиқбол мегиранд, - гуфт дар фарҷом Давлаталӣ Саид.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода низ дар ҷаласа суханронӣ намуда, роҷеъ ба нақши Истиқлолият дар ҳаёти мардуми кишвар, аз дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилоят ва ҷараёни омодагӣ ба ҷашни таърихии 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зад.

- Истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор ва сарчашмаи бахту саодати мардуми кишварамон мебошад, - зикр дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид доштаанд, Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар зарфи бисту ҳашт соли Истиқлолият дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишварамон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидаанд.

Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар ибтидои истиқлолият аз имтиҳони сангини таърих сарбаландона гузашта, ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва бо заҳмати содиқона сарзамини аҷдодии худро соҳибӣ карданд ва онро хеле ободу пешрафта гардониданд. Ҳоло давлати озоду соҳибихтиёри мо дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста буда, ҷаҳониён иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯёнаву созандаи онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд. Мисоли барҷастаи он бо қарори Созмони Милали Муттаҳид амалӣ гардидани ташаббуси навбатии Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал, Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» мебошад, ки ин иқдом бо ибтикори Пешвои муаззами миллат амалӣ мегардад ва башорати саҳми арзишманди кишвари мо дар самти ҳалли яке аз мушкилоти мубрами аҳли башар, яъне масъалаи об мебошад.

Мардуми вилоят аз ин дастоварду иқдоми нек, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, алҳол раванди корҳои ободониву созандагиро ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият мебахшанд. То ин дам дар вилоят беш аз 3500 иншооти мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Моҳҳои март ва августи соли равон ҳини сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоиро ифтитоҳ бахшиданд, ки ба рушди иқтисодиёт ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат намуд, - таъкид дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси вилоят ҳамзамон, роҷеъ ба рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва иқдоми шоистаи ободкориву созандагӣ сухан ронда, изҳор дошт, ки ин ҳама дастовардҳо самараи Истиқлолияти давлатӣ ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар вазъияти тантанавӣ ба намояндагони соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии вилоят мукофотҳои давлатиро, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафёб гардида буданд, тақдим доштанд.

Дар фарҷом барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ ба ҷаласаи идона шукӯҳи тоза бахшид.

Мухтори Абдулло,
“Ҳақиқати Суғд”

 

 

Add comment


Security code
Refresh