Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Фарорасии яке аз санаҳои муҳими таърихи миллат – бистуҳаштсолагии ҷашни мубораки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли мардуми сарбаланди вилоят самимона муборакбод гуфта, ба ҳамагон хонаи обод, тансиҳатию болидахотирӣ ва дар роҳи созандагию бунёдкории Ватани азиз дастоварду муваффақиятҳо орзу менамоям.

Истиқлолият нишони ҳувият, таҳкими давлатдорӣ, бузургтарин неъмат ва бошукӯҳтарин ҷашни миллат, сарчашмаи ифтихори ҳар шаҳрванд, заминасози рушду такомул ва пойдевори қавии ваҳдату ягонагӣ мебошад.

Маҳз тавассути соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон мо дар таҳкими давлату давлатдории хеш заминаҳои боэътимод гузошта, роҳи барпо кардани ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифтем.

Боиси таъкид аст, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашаванда ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи сиёсати муваффақонаи хориҷии худ бо аксари кишварҳои олам робитаҳои дипломатиро ба роҳ монд, ки ин равобит ба манфиати мардуми мамлакат самараҳои нек ба бор овард.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллат – 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёду азнавсозии наздик 7000 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудаанд, ки татбиқи амалии он боиси ободӣ ва пешрафту шукуфоии бештари шаҳру ноҳияҳо мегардад.

Мо аз он ифтихор мекунем, ки Солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон ва ин тадбир омили муҳим дар амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат, ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ шуда истодааст.

Имсол дар остонаи таҷлили санаи ҳумоюни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд шаҳру ноҳияҳои вилоят сурат гирифт, ки дар доираи он иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла марказҳои саломатӣ, мактабу кӯдакистон, корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ, Парчаму Нишон, қасру боғҳои фарҳангӣ ва биноҳои маъмурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба ин восита дар пешрафту шукуфоии вилоят қадамҳои тоза гузошта шуданд.

Бовар дорам, ки мардуми бонангу номус ва соҳибмаърифати вилоят барои таҳкими дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ минбаъд низ саъйу талош намуда, дар раванди бунёдкориву созандагӣ, пешрафт ва ободии Ватани маҳбубамон саҳми арзанда мегузоранд.

Бо чунин таманниёт бори дигар ҷашни бошукӯҳи миллат - Рӯзи Истиқлолияти давлатиро самимона табрик гуфта, ба хонадони мардуми диёр ободию осоиш ва файзу баракат орзу менамоям.

Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Add comment


Security code
Refresh