ДАСИСАБОЗИҲОИ НАВИ ТТЭ ҲНИ

Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо нақша дорад, ки ТТЭ ҲНИ-ро аз ҳар ҷиҳат пуштибонӣ намояд.. Бояд қайд кард, ки аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб манъ шудааст. Роҳбари ин ҳаракати тундгарову экстремисти Муҳиддин Кабирӣ, ки дар кофтуков қарор дорад, мехоҳад бо ширкати худ дар чорабиниҳои САҲА таҷрибаи бузурги хоинии хеш, афкори экстремистии худро муаррифӣ намояд.

Ҳар сол агар шумо дар ҷаласаи САҲА чун ангушти шашум иштирок мекунед ва обрӯи миллатро ба хости хориҷиҳо мерезонед, пас касе шуморо танқид мекунад, аъзои фабрикаи ҷавоб мебошад. Пас мо ҳама аъзои «фабрикаи ҷавобем». Агар аз хати Устод Айнӣ ҳифозат мекунем ва босмачиро душмани ин марзу бум медонем, пас мо ҳама аъзои фабрикаем.

Ба ҳеч кас пӯшида нест, ки дар кишвари мо  мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ вуҷуд  дорад. Аммо барои як инсони солимақл фаҳмост, ки пешравии ҷомеа кори ботадрич аст. Барои ин вақт ва барномаи мушаххаси рушд лозим аст. Талаботе, ки ТТЭ ҲНИ дар ҷаласаҳои САҲА ҳар сол пеш мегузоранд, на дар доираи вақти муайян аст ва на дар заминаи барномаи рушд. Шахс ё гурӯҳе, ки ин ду талабот, яъне вақт ва барномаро сарфи назар мекунад, бо чӣ роҳи дигаре метавонад вазъиятро тағйир диҳад ва мушкилиҳои мавҷудаи ҷомеаро ислоҳ созад?  

Устодони кафедраи умумидонишгоҳии
тарбияи ҷисмонии Донишгохи давлатии Хучанд

Add comment


Security code
Refresh