Ҳизби наҳзати исломӣ шохобаест аз САҲА

Шукри Истиқлол, ки мо  зери осмони соф озодона зиндагонӣ менамоем.  Аммо, баъзе аз бехабарон, ки худро ҳомии дину давлат ҷилва медиҳанд, кӯшиши онро намуданд, ки Тоҷикистонро ба вартаи ҷанг бикашанд.

Онҳо худро мусалмон меноманд, ва аъзои ҳизби Наҳзати Исломӣ дар Тоҷикистон буда, худро исломӣ нишон дода, одамонро ба гирду атрофи хеш ҷалб намуда, бар ҷанги зидди давлату миллат мехонанд. Дар куҷои дини Ислом омадааст, ки мусалмон бар зидди бародари мусалмони хеш ҷиҳод эълон намояд? Фақат Исломро онҳо ниқоби хеш намуда, мардуми оддии бехабар аз ҳолро тавассути дин истифода намуда, барои манфиати хеш мекӯшанд. Ба аъзоёни ҳизби наҳзат дар Тоҷикистон чи намерасид, ки ин роҳи сиёҳро пеш гирифтанд, охир давлат барои онҳо тамоми шароитро фароҳам намуда буд, то онҳо ба одамон аз дину шариат дарс бидиҳанд, ибрат омӯзонанд, аммо онҳо намак хӯрда, курнамакӣ  намуда истодаанд.

Ошкор гаштани ғаразҳои нопоки ин хоинони дину ватан ва гуреза гаштани онҳо ба кишварҳои хориҷа, боиси фош гаштани дигар сарпарастони таҷовузгару тарафдор аз терроризму падидаҳои номатлуб гардид. Мақсади ин созмон муттаҳами худ сохтани давлатҳо буда, манфиат ва ҳуқуқи башарро сӯистифода мекунанд. Ба ин монанд яке аз созмонҳо САҲА мебошад. Имрӯз ташкилоти террористии наҳзат, ки бар зидди Ватани худ мубориза мебаранд фирефтаи онҳо шуданд. Кабири ки роҳбари ин ташкилоти мардумфиреб аст, аз дастгириву кӯмаки бевоситаи ин созмон бархурдор буда, гумон мекунад, ки дастгирии он беинтиҳост.

Мо бояд садди роҳи ин золимон гардида, нагузорем, ки моро низ тақдири ҳасратомезу ҷигарсӯз ва муноқишаву ҷангҳои хонумонсӯзи дар Шарқи Наздик ва дигар кишварҳо воқеъпазируфта  дучор ояд.

Аз ҳамин лиҳоз мо бояд аз фаъолияти инҳо хабардор бошем ва аз хатарҳои онҳо худро эмин нигаҳ дорем, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳифзи Ватан ва таъмини Истиқлолу Ваҳдати миллӣ кӯшиш намоем. Ба қадри сулҳу амнияти кишвар расида, барои муҳофизати он камари ҳиммат бандем ва нагузорем, ки осмони софу беғубор ва фазои ороми диёри биҳиштосоямонро касе халалдор созад.

Устодони факултети забонҳои шарқи
ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh