Роҳҳои пешгирии терроризм ва экстремизм дар шароити муосир

Дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳиму умдаи рӯз ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад.

Мутаассифона, дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакати азизамон мушкилиҳои муайян мавҷуданд. Аз он ҷумла, дар шароити муосир мубориза ба муқобили чунин падидаҳои ифротӣ ба монанди терроризм ва экстремизм ба зарурати воқеӣ табдил ёфтааст.

Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, афзудан ва густариши экстремизм ва терроризм ва, инчунин, дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо дар сатҳи ниҳоят ҷиддӣ ҷой дорад.

Дар давраи ҳозира мутаассифона дар арсаи байналхалқӣ фаъолияти ифротгароёнаи террористӣ ва экстремистӣ аз тарафи қувваҳои гуногун хеле фаъол гардидааст. Дар айни замон терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Мусаллам аст, ки дар замони муосир мубориза бар зидди ин гуна қувваҳои ифротӣ ба мадди аввал мебарояд. Дар мубориза ба муқобили ин гурӯҳи ифротӣ, экстремистӣ ва террористӣ зарур аст, ки тамоми ҷомеа дастҷамъ бошад.

Дар ҷомеаи кунуни бархе аз ҷавонону наврасон бинобар  надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, насли калонсол – падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд. Ба онҳо собит намоянд, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд.

Созмону гурӯҳҳои тафриқаангез низ бештар бо истифода аз ин омил байни ҷавонон ихтилофи мазҳабӣ паҳн намуда, ба ин васила низоъу нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меоранд. Ин тоифа, ки асосан ташкилотчӣ ва саркардаҳои гуруӯҳҳои ифротгаро мебошанд, аз бетаҷрибагии ҷавонон истифода бурда онҳоро шомили ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегардонанд.

Бо дарназардошти онки қишри зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд, аксари падидаҳои номатлуб ва таҳиягарони онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мафкураи қишри ҷавони ҷомеа таъсир расонида, қувваи бузурги онҳоро барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода намоянд. Ин бошад ба ҷомеаи мо, бахусус давлатдории миллии мо хатари ҷиддӣ дорад. Вазъи имрӯза зарурати муборизаи ҷиддиро ба муқобили ин қувваҳои ифротӣ ба миён меорад. Террорист ва ифротгаро миллат ва давлат надорад. Моҳиятан чунин гурӯҳҳо ва амалҳои террористию ифротгаронаи онҳо хусусияти байналхалқӣ доранд. Ва мусаллам аст, ки амалҳои ин қувваҳо барои ҳаёти осоиштаи тамоми давлатҳои минтақа, аз он ҷумла Тоҷикистон наметавонанд бехавф бошанд. Зарур аст, ки тамоми мардуми озодихоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар мубориза бар зидди чунин падидаҳои ифротӣ дастҷамъ бошанд.

Мирсаидов Р.,
устоди ДДХ 

Add comment


Security code
Refresh