Созандагӣ ҳадафи асосӣ ва муқаддаси мо бояд бошад!

 

 

 

Таърихи сиёсиву иҷтимоӣ ва муборизаҳои мафкуравии ҷомеаи башарӣ ба таври равшан собит месозад, ки зуҳуроти ифротгароӣ ба давраҳои пурҷӯшу хурӯши қавму милали дунё алоқаманд аст ва сабаби аслии ривоҷу равнақи он ба чигунагии фаҳмишу биниши давлатҳои худкомаи авҷдиҳандаи ифротгароӣ марбут аст.

Ҳар  давлат дар ҷаҳон роҳу равиши пешрафти худро дорад. Аз ҷумла, дар давлатҳои мутамаддин фишанги асосии пешрафт маънавият қарор гирифтааст. Ин гуна давлатҳо, бешак, чароғдори маънавият дар ҷомеаи башарианд, дигар давлатҳоро ба роҳи некӣ ва некзистӣ мекашанд ва маҳз онҳо бояд дар таърихи ҷаҳон модели беҳтари расидан ба авҷи қудратҳои маънавӣ дар ҷомеаи башарӣ шинохта шаванд.

Дар таърихи башар ва ҷаҳони имрӯз давлатҳои худкомае ҳам арзи ҳастӣ кардаанд, ки ҳарчи бештар саъй бар ба даст овардани риштаи ҳирсу сарварии дунё кардаанд ва дар ин амр василаи зиёде ба кор оварда ва дастгоҳи зиёде дар ин амр дар хидмати онон будааст. Ҳадафи аслӣ, бешак, дар он нуҳуфта будааст, ки ақсои олам ҳамчун бозичае дар дасти онҳо қарор гирад. Як силсила рухдодҳои ногувори садаи бист ва бисту як, ки аз ҷониби давлатҳои ҷангҷӯ ва ниҳодҳои худкомаи ҷонибдори онҳо ба миён омадаанд, аз ҳақиқати ин амр гувоҳӣ медиҳанд.

Ваҳдати миллӣ омили созандаву устувори иттиҳоди миллати тоҷик аст, ки бо баҳрамандӣ ва шинохти арзишҳои куллии ҷаҳонӣ фароҳам меояд. Ваҳдат ҳамеша ва дар ҳар маврид таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ боқӣ монда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол бояд мусоидат кунад. Имрӯз эҳсоси амиқи ватандӯстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву ифтихори миллӣ дар шуури тоҷик маъво ёфтааст, аз ин рӯ, бояд созандагӣ ва ободкорӣ ҳадафи асосӣ ва муқаддаси ҳар як ватанпарвари асил қарор гирад, ки дастовардҳояш бо суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва ваҳдати миллӣ иртиботи хос дорад.

Фарҳанги баландпоя роҳи бо Ватан ва Тоҷикистон будан аст. Дарки асли масъала ва дарёфти калиди ҳаллу фасли солими муаммои сангину пурихтилофи ифротгароӣ дар чорчӯбаи қонунҳои кишвар ва меъёрҳои байналмилалӣ ва мутобиқ ба шароити замониву маконӣ ҳарчи бештар моро дар як марҳалаи хоси ҳамфаҳмӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми қишрҳои ҷомеа қарор хоҳад дод…

С. АЪЗАМОВ, мудири кафедраи
 адабиёти муосири тоҷики ДДХ

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh