Истиқлолият - ифтихори ватандории мост!

Мафҳуми Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як фарди мамлакат, баробари Ваҳдати миллӣ арзиши бузург дорад. Зеро Истиқлолият тавонист чун омили нерӯманди ҷомеа дар як марҳилаи тақдирсози таърихӣ барои мардуми мо хизмати бузургро анҷом бидиҳад.

Агар бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима ёфта бошад, пас бо падидаи ба истиқлолият соҳиб гаштани давлати тоҷикон ҷиҳати таъмини Ваҳдати милливу ба эътидол овардани фаъолияти сохторҳои қудратӣ, барқарор гардидани шохаҳои ҳокимияти давлатӣ заминаи воқеӣ гузошт. Ин боиси он гардид, ки мо имрӯз дар як кишвари ободу озод, соҳибистиқлолу демократӣ ва дунявӣ умр ба сар бурда, ба дастовардҳои беназир шарафёб гардида истодаем.

Дар шароити имрӯза чораҳои ҳифзи Истиқлолияти давлатиро бе мубориза бар зидди гурӯҳҳои ифротгаро тасаввур намудан номумкин аст. Ва мо ҷавононро зарур аст, ки дар ин самт зиракии сиёсиро аз даст надода, бо истифода аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ тибқи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ рафтор намоянд. Ба ин албатта, доштани иродаи қавӣ, дониши мустаҳкам ва меҳру муҳаббати зиёд нисбат ба Ватан кӯмак мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар мулоқоту вохӯриҳо ва суханрониҳои хеш борҳо таъкид месозанд, ки имрӯз аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва Ваҳдати миллӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо эътимоди комил ба имрӯзу фардои Ватани азизамон қадам мезанад. Сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву шуури миллии мо пайваста такомул ёфта, назария ва амалияи давлатдории Тоҷикистони озоду демократӣ дар ҷаҳони муосир эътироф шуда, мақому манзалати шоистаи худро пайдо намудааст, ки боиси ифтихори моён мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва соҳибтамаддун таҳти сарварии дурбинонаи Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ мавқеи сиёсии хешро мустаҳкам намуда, бо давлатҳои хориҷи кишвар муносибатҳои хуби сиёсиву иқтисодиро ба роҳ мондааст. Дар ҳамин радиф, барқарор гардидани муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати бародару ҳамсоя - Ӯзбекистон далели ин гуфтаҳо буда, муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ду кишвар худ ба назар мерасад. Боз шудани марзҳои давлати Тоҷикистону Ӯзбекистон дар арафаи ҷашни Наврузи ҷаҳонӣ барои ин ду миллати ташнаи дидор тӯҳфаи арзанда гардид. Воқеан, ин ҳодисаи сурурбахш аз сиёсати дӯстпарваронаи Пешвои миллат дарак медиҳад. Ин иқдом дар оянда барои ҳар ду давлат имкон хоҳад дод., ки ҳам иқтисодиёт ва ҳам иҷтимоиёту фарҳангу маданият рушд ёбанд.

Тавассути Истиқлолият ва Ваҳдат мо ба муҳимтарин дастоварҳо дар бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ ноил гардида, орзуву омоли чандинсолаи гузаштагонамонро амалӣ гардонидем.

Мо ҷавонон бояд ба ин неъматҳои бебаҳо шукргузорӣ намуда дар атрофи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчамъ ва дар тадбиқи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат саҳми арзанда гузорем.

Шаҳзодахон ҶӮРАБОЕВА,
донишҷӯи факултети забонҳои хориҷии
 ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh