НАЙРАНГБОЗИҲОИ НАВБАТӢ

“Ҷонона”, лақаби тозаинтихоби Мирзо Салимпул мебошад. Ҳамин ҳоло, ки баҳсҳои муҳаррири сомонаи “Ахбор.ком”, гумоштаи собиқадори Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ-Мирзои Салимпурро дар шабакаи иҷтимоӣ мехонем, ҳамон “Ҷононае”, ки иддае аз ҳамкасбонаш ӯро бо ин лақаби маҳрамона ном мегиранд, пеши назарамон меояд.

Шоҳидони ҳол қоиланд ва ин ҳам ҳуҷҷатгузорӣ гардидааст, ки бо барқарор шудани ҳукумати советӣ, чун бобокалонҳои Мирзо Салимов (ҳоло Салимпур) иштироки фаъол дар қатлу куштори мардуми бегуноҳ ва кормандони давлатӣ доштанд, хонахез аз ин водӣ фирор карда, аз ҷавобгарӣ дар назди қонун сар мепечанд. Аслан кореро ки Салимпул такрор мекунад. «Оянда роҳнамое ҷузъ таърих надоштааст». Хислатҳое аз қабили давлатбадбинӣ, нафрат ба кормандони ҳукуматӣ, овозапароканӣ, муллову балвопарастӣ, митингбозӣ, надоштани эҳсоси миллӣ дар вуҷуди ин хомакаҷ решаи авлодӣ дошта, аз аҷдодони босмачиаш ба мерос гирифта шудааст. Аз ин лиҳоз, вақте Салимпур босмачиҳою наҳзатихоро ҳимоя мекунад, ӯ амалан ба ҳимояи аҷдодони худ даст мезанад.

Салимпур лаганбардор ва таблиғгари навбосмачиҳо ва кашишу ҷазабаи Салимпур ба ақидаи босмачизм-наҳзатизм ва эҳёи ин ҳаракатҳои ақибмондаи асримиёнагӣ дар махзани шайтонии «Ахбор.ком», паҳлӯҳои норавшанеро аз шаҷараи авлодии Салимпур ифшо месозад. Рост мегуфтаанд, ки хун сӯи хун мерафтааст.

Хонандаи ҷавон, ки воқеаҳои солҳои 90-умро надидааст, ба муаррифии бештари Салимпур ниёз дорад. Ӯ чун дӯкондорони дин, озодиҳои бесару нӯги горбачёвиро имконияти хуби тахрибкорӣ ва худтаблиғкунӣ пиндошта, ба ҳаракати хатарноки наҳзатӣ, вале дар асл зиддимардумӣ пайвастааст.  Салимпур, падарсолори дӯрӯғгӯён бошад, бо баҳонаи иттилоотрасонӣ ба мухолифоне ки рақиби сиёсии давлат мебошанд, минбар додааст, он қадар дурӯғ коридааст, ки ҳисобаш гум аст. Саркардаҳои ҳизби ифротиро чеҳраву ниқоби дунявӣ пӯшонида, доимо тарғиб мекунад.

Наҳзати исломӣ ҳизби террористӣ эълон шудааст, ки ин истилоҳи устувори ҳуқуқист.  Салимпур аз ҷумлаи афродест, ки танҳо пазириши арзишҳои ботил ва хоми ифротиро дораду худхоҳу мағрур аст, ба инсонҳо нафрати беандоза дорад, ҷанҷолдӯстдору пархошгар аст. Агар ин хислатҳо ёру ёвари М.Салимпур намебуд, оё ба минбари ифротзадаҳо табдил меёфт? Нерӯи эътирозии бемавридашро нисбат ба ҳамватанонаш сарф намекард.  

Ин хабарнигори шариатмадори кабирипараст бо ёрдамчиҳои «манбаъи иттилоотӣ»-аш ғайбату дурӯғро дар бораи вазъияти ҷумҳурӣ дар пеши хоҷагонаш чаппаву воруна нишон медиҳад ва бар ивази он хоҷагонаш ба назди ӯ устухоне мепартоянд.

Аминов Д.Ғ. – н.и.и., дотсенти
кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh