Саге, ки тӯъмаи ӯ устухон аст…

Мо имрӯз дар ҷомеае зиндагӣ карда истодаем,ки дар шароити ташаннуҷи рӯзафсуни сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, то рафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ қарор дорад, бинобар ин ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад. Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро овардааст.

Дар ин раванд таъмини амният , сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ,пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ, азхуд кардан ва дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ ҷорӣ намудани навгониҳои илму техника, дарки масъалаҳои афзалиятдоштаи пешрафти мамлакат ва ҳалли саривақтии онҳо аз ҳар яки мо масъулияти дучандро талаб менамояд.

Инчунин ташаккул додан ва истифодаи босамараи нерӯи инсонӣ,ҳалли масоили иҷтимоӣ, аз ҷумла таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ниҳоят дастёбӣ ба сатҳу сифати шоистаи зиндагӣ барои сокинон аз қабили масъалаҳои аввалиндараҷае мебошанд,ки ҷиҳати иҷрои онто бояд тамоми сохтори мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа якҷоя ва аҳлона азму талош намоянд.

Ҳар яки мо вазифадорем, ки бо амалисозии иқдому ташаббусҳои неку созанда ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои Истиқлолият, тақвияти иқтидори иқтисодии давлат, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободии Ватани азизамон бо роҳи ҳар чӣ зудтар расидан ба ҳадафҳои стратегии миллиамон қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии худро дар назди халқ ва давлати Тоҷикистон содиқонаву софдилона иҷро намоем.

Мо ҷавонон, ки ояндаи мамлакатем вазифадор ҳастем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободи Ватанамон ҳар чӣ бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонем.

Хушбахт он касест, ки Ватан дошта бошаду дар фазои Ватани ӯ саршори меҳру муҳаббат ва лабрези сулҳу салоҳият ҳукмфармо бошад.

Мадиева Ойбодом- муаллимаи кафедраи
фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносии ДДХ

Add comment


Security code
Refresh