БА ИФРОТГАРОӢ РОҲ НАДИҲЕМ!

Мо бо Ватан мефахрему ҳамеша барои тинҷиву осудагии сокинони кишвар камари ҳиммат мебандем. Имрӯз ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун кишвари озоду демократӣ эътироф кардаанд, вале баъзе нохалафон намехоҳанд, ки давлати мо аз ҳар ҷиҳат пешрав гашта, оромӣ ва осудагӣ пойдор бошад. Аз ин рӯ, ба ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик халал ворид карда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бадгӯиҳо мекунанд.

Боиси зикр аст, ки сабаби паҳншавии ғояи ифротӣ ин дар солҳои 90 – уми қарни бист аз ҷониби ашхоси алоҳида ташкили гурӯҳҳои ғайрирасмии динӣ мебошад, ки дар он ба ҷавонон рукнҳои дини Исломро ба таври нодуруст маънидод мекарданд. Ин ҳама баҳри расидан ба мақсади нопок буд.

Мутаассифона, имрӯз иддае аз ҷавонони мо ба доми ифротгароён афтода, дар даргириҳои давлатҳои ҷангзадаи Араб ширкат мекунанд. Бо гузашти вақт шояд ҷавонони роҳгумзада хатогии худро дарк кардаанд, вале аллакай дер шуда, зеро онҳо хоини Ватани худ шудаанд.

Имрӯз сарварон ва аъзои ҳизби мамнуи наҳзат дар мамолики хориҷ истода, тариқи сомонаҳои интернетӣ дар ҳаққи диёри худ ҳар гуна буҳтонҳоро паҳн мекунанд. Ин ҳама ақидаҳои беандешонаи онҳо нафрати ҳазорон бошандагони кишварамонро бар муқобили онон бармеангезад.

Боиси таассуф аст, ки то ҳол баъзе ҷавонон ба ҳиллаву найранги ин ҳизби нопок даромада, ояндаи худ ва аҳли оилаашонро ба боди фано медиҳанд. Замоне фаро расидааст, ки ба ҳар як фарзанди оила бобати ин масоили доғи рӯз ва ба доми ифротиён наафтодани онҳо корҳои таблиғотиро ҷоннок кунем. Ҳар як ҷавони худогоҳу хештаншиносро мебояд баҳри пешгирии шомилшавӣ ва гумроҳии ҳаммаслакони худ роҳ надода, бобати ғояҳои ватандӯстию меҳанпарастӣ ҳарф занад. Масоили мазкур, яъне шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ доғи рӯз буда, ҷангу ҷидол, нооромию вайронкорӣ ба амнияти кишварҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ меоварад. Мутаассифона, шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ имрӯз ҳам паст нашудааст. Дар ин раванд баҳри пешгирии шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмонҳою ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда бояд эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Хоинони Ватан бояд донанд, ки сохтмони иншооти бузург, бунёди роҳҳои мошингарду оҳан, қомат афрохтани хонаҳои истиқоматӣ, нақбҳову обёрии ҳазорҳо гектар заминҳои бекорхобида, бунёди боғу таъсиси маҷмааҳои таърихиву истироҳатӣ ва амсоли ин шарофати замони Истиқлолият мебошанд.

Бинобар ин, ҳар як сокини кишвар бояд дар шукуфоии Ватани азизамон саҳм гузошта, бо неруи ақлонӣ ва ҷисмонӣ Истиқлолияти давлатии худро ҳифз намуда, Ватанро ободу зебо гардонем.

Муҳаммадзода Рустам Мухторӣ,
судяи Суди шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh