АФКОРИ БОТИЛ - БЕЭЪТИМОД!

Аз бузурге пурсиданд: “Ба ту бародар беҳ аст ё дӯст ”. Дар ҷавоб гуфтааст бародаре, ки дӯст бошад. Аҷоиб он аст, ки бародарони як миллат аз хориҷи кишвар истода, ба муқобили миллат ва Ватани худ шарм надошта бо туҳмат ва гапҳои беасос баромад мекунанд. Онҳо фикр намекунанд, ки мардуми тоҷики имрӯза он мардуми солҳои 90 - уми асри гузашта нестанд. Имрӯз мардуми мо, хусусан ҷавонони бебоки тоҷик аз гузаштагон ибрат гирифта, зирак ва ҳушёр шудаанд.

Имрӯз воситаи ахбори умум, интернет ва шабакаву телевизионҳои гуногун ба ҳама дастрас мебошанд. Бинед, чӣ қадар мардуми мамолики гуногун пештар зиндагии ором ва рӯзгори осоишта доштанд, аммо имрӯз сарсону саргардон дар кишварҳои бегона азият мекашанд.

Ин ҳама бесарусомониҳо, ки ба сари мардуми одӣ ва заҳматкаш омадааст, маҳсули дастони он хоинони Ватан аст, ки фикру хаёли ботил доранду мехоҳанд ба оромию осоиштагии мардум халал эҷод намоянд.

Худ андешед, имрӯз мо чӣ қадар рӯзгори осуда дорем, ин фазои ором, бо заҳматҳои шабонарӯзии мардуми диёрамон ба даст омадааст. Кадом одами солимақл мехоҳад, ки боз фарзандон бепадар, занон бе шавҳар ва модарон ашкрезон бошанд!

Боварӣ дорам, мардуми бошарафи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба суханони пучу беасос, ки аз тарафи нохалафон, хоинон гуфта мешавад, фирефта нашуда, баҳри созандагию ободии Ватани азизи худ камари ҳиммат мебанданд. Чунки Истиқлолият ва сулҳу осоиштагӣ ба мардуми тоҷик ба осонӣ дастрас нашудааст. Бинобар ин ба қадри ин неъмати бебаҳо, ки мо дорем, бояд расид ва онро аз чашмони бадбини душманони миллату Ватан эҳтиёт кард.

Ин шахсони суханбоз, хоинони беватан ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ намерасанд.

С.Саломов,
устоди Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва
сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh