Ифротгароӣ аз бесаводии таассуб аст!

Яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Он аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш мегардад. Заминаҳои асосии ифротгароӣ бесаводӣ ва таассуб буда, нодонӣ ва беҳунарӣ ҳамеша дар пайи худ ҷаҳолату бозмондагиро ба бор меорад. Ифротгароӣ ва шакли ниҳоии он даҳшатафканӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҷомеаи мо хатари ҷиддии воқеӣ доранд.

Аз воқеаҳое, ки дар давлатҳои Арабу Африқо сар зада истодаанд, маълум мегардад, ки барои афроди ифротгаро ягон муқаддасот арзише надоранд. Ин гурӯҳҳо зери таъсири ақидаҳои тунду ғаразнок ҷавонҳоро ба сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ шомил гардонида, ба иҷрои ҳама гуна амалҳои ғайриинсонӣ, монанди қатлу ғорат, ба хок яксон намудани хонаву молу мулки мардум тайёр ҳастанд.

Экстремизм солҳои охир ба яке аз мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Сиёсатшиносон ва аҳли фарҳанг бар онанд, ки ин зуҳурот чун вабои асри ХХI эътироф шуда, ба ҳастиву саломатии аҳли башар муассир буда, худ ҷой доштанаш дар миқёси як минтақа ё як кишвар гувоҳ бар оқибатҳои фалокатбори он аст.

Тарғибу ташвиқи ақидаҳои ифротгароӣ, барангехтани тухми низоъ дар миёни инсонҳо, нодида гирифтани арзишҳои олии давлату миллат ва таҳдид ба суботу оромии ҳар як халқияту миллат аз амалу кирдорҳои ҷинояткорона ба ҳисоб рафта, ба ояндаи ҷомеа хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.

Ҷавонон ояндаи миллат ва давлатанд. Ҷавонони солимақлу соҳибистеъдод ҳамеша ифтихор, мояи хушбахтӣ ва саодатмандии ҷомеа буда, аммо ҷавонони ифротгаро ва ситезаҷӯ доғи дили падару модарон, дарди ҷомеа, омили хушунат, низоъ ва фитнаҳоанд.

Мирзомуин Ахмедов,
донишҷӯи факултети забонҳои
 хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh