Ифротгароӣ - муаммои умумибашар

Терроризм ва экстремизм имрӯз ба муаммои ҳалталаби ҷомеаи муосир табдил ёфтааст, ки барои ҳалли он тамоми кишварҳои олам тадбирандешӣ мекунанд. Зеро ин муаммо ба амнияти на танҳо якчанд кишвар, балки тамоми давлатҳои дунё таҳдид менамояд. Барои ҳалли ин муаммо давлати мо Тоҷикистон пешқадам буда, тамоми тадбирҳоро меандешад, то ин падидаҳои барои ҷамъият бегона пешгирӣ ва аз байн бурда шавад.

Аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ вазифадор гардидаанд, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд.

Гузашта аз ин, тайи солҳои зиёд Тоҷикистон на танҳо баҳри пойдории амнияти худ, балки бехатарии минтақа, ҷиҳати пешгирии паҳншавии маводи мухаддир, силоҳ, терроризму экстремизм ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ тадбирандешӣ карда истодааст.

Маром ва мақсади гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ афрӯхтани низоъ, ноором сохтани вазъи ороми кишвар мебошад.

Терористон ва экстремистон ҷаҳони моро ба марҳалаи ҷанги сард табдил доданианд. Пуштибонҳои онҳо, ки аз кӯчаи одамигарӣ нагузаштаанд, ҳамеша аз паи таъмини молиявии терористон ва экстремистон буда, ягон касбро доро нестанд ва агар дар ҷамъияти одамони муосир зиндагӣ карданӣ бошанд, умуман қудрати шуурашон ба он намерасад.

 Ин суханонро дар ҳар дарс мо ба шогирдони худ мегӯем ва мефаҳмонем, то ки ба доми ин қабил одамони хоин, ифротгаро наафтанд, натанҳо худ, балки ҷамъиятро аз онҳо барои халос намудан кӯшанд.

М.Комилова,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh