МАРДУМ ИМРӮЗ ДОНАИ ПУЧРО АЗ САРА ФАРҚ МЕКУНАД

Мирзои Салимпур, ин ҷурналисти тоҷик имрӯз фаъолияташ ба он нигаронида шудааст, ки аз зери нохун чирк мекобад, бозёфти солҳои охир овардаи Тоҷикистонро эътироф намекунад,  пешравиҳои имрӯзаи мамлакати мо ғаши ӯро меорад. Ба  кишвари худ аз дур истода, бӯҳтон мезанад. Вале ногуфта намонад, ки умри дурӯғ кӯтоҳ аст. Инро мо дар рӯзгори басарбурдаи хеш мушоҳида намудем.Гузашти солҳои навадуми қарни бист, ки   «лидер»-они сияҳдил  кишвари моро ба гирдоби ҷанг кашиданд, барои мо сабақ шуд. Ононе, ки ба роҳи хато рафтанд, фаҳмиданд, ки он вақт  фиреб хӯрда будаанд. ҳанӯз доғи  он  захмҳо дар дили мардум шифо наёфтааст ва  намегузорем, ки бо сафсатаю дурӯғ  боз моро фиреб дода, ба вартаи ҷанг кашанд.

Агар Салимпур ба касе қасд дошта бошад, онро рӯи рост гӯяду ҳалли масъаларо ёбад, вале бо роҳи кишвари худро наҳ задан худаш бадном мешаваду бас.

Ба ӯ гуфтанием, ки  ту ба гузашта нигар, кирдори ҳамкасбонат, чанд ҷурналисти дар хориҷа пинҳон шуда, зидди меҳани худ овоз баланд кардаро ба ёд ор. Он бо чӣ анҷом ёфт? Онҳо хатояшонро фаҳмиданд ва аз карда даст кашиданд, ба иғвоангезӣ хотима доданд. Ба фикри мо хеле беҳтар аст, ки ту ҳам  поёни роҳатро имрӯз андеша кунӣ, оқибати кирдорат пушаймонӣ буданашро  фаҳмида, аз амалҳои созанда рӯ оварӣ, ба диёрат хизмат кунӣ. Қаҳрамонони даштҳои ташнаро обод кардаро, бинокорони НБО - и «Роғун» сохтаро васф намоӣ, дар бораи қаҳрамониҳои онҳо асар нависӣ, магар инаш беҳтар нест. Аз хориҷа истода ба Ватани хеш санг партофтан амали ҷавонмардона нест. Ватанро интихоб намекунанд, онро ба мо Худо додааст ва барои ободиаш бояд заҳмат кашем, ободтару зеботар кунем, на наҳ занем. Набояд фаромӯш кард, ки хиёнат ба Ватан ин гуноҳ аст, окибаташ бадномӣ, сияҳрӯӣ, пушаймонӣ  аст.

Мо як гурӯҳ устодони донишгоҳ арз мекунем, ки кирдори ту нодуруст аст ва аз Бадахшон то Зарафшон сарзамини муқддасамонро бадном кардан хуб нест. Ҷурналист бояд дидаашро нависад, на бофтаашро. Вай воқеаҳои сарзадаро бояд таҳлил кунад ва ҳақиқат инъикос намояд. Фақат чунин нафарон соҳибобрӯ, соҳибэътибор мешаванд ва ба дили хонанда роҳ меёбанд. Умри дурӯғ кӯтоҳ аст. Мардум ҳоло гумроҳ нест, пучро аз сара фарқ карда метавонад.

М Абдуллоева ,
 сармуаллими кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh