ИЗИ СИЁҲ

ТТЭ ҲНИ ибтидои солҳои 90-ум дар хориҷи мамлакат аз ҷониби созмонҳои муайяни хадамотҳои махсус ташкил шудааст. Ин ҳизб гунаҳкори асосии оташ задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки дар он  ҳазорон одамон ҳалок шудаанд. Саркардагони мухолифин, ки бар зидди давлати қонунӣ меҷангиданд, аъзоёни ҳамин ҳизб буданд. Пас аз баста шудани Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба фаъолияти ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуда, 28 сентябри соли 1999 ҳамчун ҳизби сиёсӣ, аз нав ба қайд гирифта шуда буд.

Аммо, чи тавре ки дар хулосаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати фаъолияти чанд соли охири ТТЭ ҲНИ чунин қайд менамояд: «Гарчанде таъиноти асосии таъсисёбии ҲНИ, барномаи он,  аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ иборат бошад ҳам, вале солҳои охир аъзоёни он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ)-доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта истодаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд».

Ҳам ҳукумати кишвар ва ҳам халқи тоҷик орзу доштанд, ки аъзоёни ин ҳизб ва сарварони он сабақи хуби таърихӣ гирифта, минбаъд баҳри рушду нумўи кишвар, равнақу ривоҷи демократия хизмат хоҳад кард. Аммо ҳадафу мақсади ТТЭ ҲНИ ва аъзоёни он тамоман дигар буд, онҳо мехостанд, ки бо кадом роҳе, ки набошад ҳокимияти сиёсиро ба даст оваранд, давлати ба ном динии худро дар Тоҷикистон барпо намоянд. 

Аз солҳои муташанниҷи навадуми асри ХХ ҳоло 29 сол сипарӣ гаштааст. Халқи тоҷик, он солҳои мудҳишро, ки мардуми кишварро ба вартаи ҳалокат кашида, ҳазорҳо тоҷикро қатли ом карда буданд, бо даҳшат ба хотир меоварад. Намояндагони ин ҳизби ҷиноятпеша  баъди шикасти табаддулоти худ, аз хориҷ даъват менамоянд, ки  бо роҳи зўроварӣ бояд сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода шавад.      Аъзои ҲНИТ аз номи дини мубини ислом, вале хилофи муқаррароти он баромад намуда, кўшиш ба харҷ додаанд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ халалдор созанд. Бамаврид аст шеъреро дар ин ҷо ёдовар гардем:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

Дар робита ба гуфтаҳои мазкур, Ҳукумати Тоҷикистон ба дину эътиқодҳои мардум бо эҳтиром ва некбинона назар мекунад, он аз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, аз он ҷумла диндорон ватандўстию ватандорӣ, меҳнат намудан баҳри тараққӣ ва инкишофи кишвар, некбину таҳаммулпазир буданро таманно менамояд. Вале даъватҳои ТТЭ ҲНИ бар муқобили тинҷиву оромӣ ва якпорчагии ватани мо равона гирадидааст.

Мироватова Б.Ф. – н.и.и., дотсент, мудири
кафедраи системаҳои иттилоотии
автоматикунонидашудаи ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh