АФСОНАҲОИ КАСНОШУНИДА

Бидуни баҳс аст, ки бунёдгузорон ва саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ роҳбарони вақти наҳзатӣ буданд ва маҳз бо «ҷаҳду талош» ва «кўшишу  ғаӣрат» - и    хоинону  душманони миллати точик қатлу ғорати мардум роҳандозӣ шуда буд, мардум аз хона бехона шуд, тарки меҳан кард, хору залил шуд, занаш беваю кудаконаш ятим монданд ва ватанаш ба вартаи нобудӣ расид.

Бо вуҷуди ин, пас аз ба имзо расидани сулҳу ризоияти миллӣ роҳбарони наҳзатӣ ва давомдиҳандагони коркои душманонаю хоинонаи онҳо аз рафтору кирдорҳои ноҷавонмардона ва ғаӣриахлоқиашон даст набардошта ҷиноятҳои дигарро созмон доданд, боиси бадбахтии чандин тоҷикистонии дигар гардид.

Маҳз онҳо буданд, ки ба хотири мансаб ва пулу мол меҳанро ба арсаи чангу куштор ва набардҳои ноҷавонмардона табдил дода, ба коми оташ кашиданд ва ба вартаи нобудӣ расонидани буданд. Бо вуҷуди ин, бешармона худро як ҷониби сулҳ меноманд, ки ин аблаҳие беш нест. Зеро ин як девонагарӣ ҳаёт, ки барои пулу мол ва мансабу сарват хеста, зодгоҳатро ба коми оташ мекашию ҳаммеҳанонатро қатлу ғорат мекунӣ ва сипас худро як ҷониби сулҳ медонӣ. Ин гуна бешарафӣ ва беномусиро танҳо намояиндагони наҳзатӣ нисбат ба худ раво мебинанд.

Тамоми тоҷикистониён ва нафарони огоҳ ва вазъи сиёсии солҳои 90-ум Тоҷикистон хеле хуб медонанд, ки раванди ба даст овардани ваҳадти миллӣ ва сулҳу субот  дар кишвар,  амали дасти наҳзатиҳои террористу экстремист нест, чунки сулҳу субот ва ваҳдату якпорчагӣ бо ҷаҳду талош ва захмату хизматҳои фарзонафарзандони баору номуси миллати тоҷик ба даст омада, дар он кўчактарин нақше ё нишоне аз дасти террористу ва экстремистҳои наҳзатӣ нест. Ва баръакс, агар сухан сари ҷангу ҷидол, қатлу ғорат, куштори шахсиятҳои барўманди миллат ва ба коми оташ кашидани меҳан равад, нақши даст ва нишони амалҳои хоинони наҳзатӣ баръало ошкор аст.

Бархилофи ин ҳама далелҳои муътамаду раднопазире, ки душманӣ ва хоинии террористону экстремистони наҳзатиро собит менамоянд, сухан карда, худро чун обсофкунак покизаю бегуноҳ нишон доданӣ мешаванд. Мубаллиғонашон, ки бо супориш ва дастури хоҷагони онҳо фаъолият менамоянд, хамеша суханони бардуруғ навишта, афсонаҳои касношунид мебофанд. Ҳаӣ дуруғ ва сафсатаҳо бофтаи тер¬рористон ва экстреми¬стони қаттолу ғоратгари наҳзатиро мусичаи бегуноҳ нишон додан мехоҳанд, вале онҳо бехабар аз он, ки хануз 1000 сол қабл Ҳакими Тўсӣ дар бораи чунин нохалафон хеле зебо гуфта буд: «Кӣ зангӣ ба шустан нагардад сапед».

Ин мубаллиғон ҳазорон - ҳазор афсонаҳо бофанд ва ҷилд-ҷилд китобҳои бардуруғ нависанд ҳам, хиёнаткорони наҳзатӣ барои хуни тамоми шаҳидони ҷанги шаҳрвандӣ ҷавобгаранд.

Солихоҷаева С.А. – ассистенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh