Дин муаррифгари ҷомеа

Дарозои таърихи ҷомеаи инсонӣ нишон медиҳад, ки дин ба ҳайси як рукни басо муҳим ва устувори фарҳанг дар ҳар давру замон падидаҳои ахлоқӣ ва дастовардҳои маънавии инсониятро бозгӯ будааст.

Дин дар танзими илм, маданият, фарҳанг, ҳуввияти миллӣ ва муносибатҳои байни афроди ҷомеа, инчунин дар тарбияи маънавию ахлоқӣ, ҳамбастагиву иттиҳоди аҳли ҷомеа нақши басо муассир дорад.  Аз ин хотир аст, ки илми диншиносӣ низ ба ин унсури муҳими фарҳангӣ на аз мавқеи идеологию сиёсии ягон ҳизбу ҳаракат ва на бо диди инкор, балки чун унсури асосӣ ва бунёдии маданияти ҷомеаи инсонӣ дар марҳалаҳои муайяни инкишофи ҷаҳонбинии одамон муносибат менамояд. Коҳиш ёфтани арзишҳои динӣ, паст будани маърифати динӣ миёни афроди ҷомеа  ҳамеша аз вазъи ноороми сиёсиву иқтисодӣ, нигаронии ахлоқ ва тарбияи ҷомеаи инсонӣ дарак медиҳад. Таърихи омӯзиши дин, марҳалаҳои рушди он баёнгари торафт боло рафтани фарҳанг ва гуманизми инсонӣ мебошад.

Мардуми мутамаддини форсу тоҷик, ки дар баробари ақвоми соминаҷод дар таърихи диндории башарият саҳми шоиста доранд ва гаҳвораи тамаддуни инсонӣ маҳсуб меёбанд. Шоирону нависандагони форсу тоҷик тавассути ба кор гирифтани таълимоти тасаввуфи исломӣ тавонистанд асарҳоеро офаранд, ки имрӯз дар шумори шоҳкориҳои ахлоқии адабиёти ҷаҳонӣ мавқеи устувори худро доранд.

Гумроҳ мондани афроди ҷомеа дар вартаи бединӣ, аз пастии маърифат ва донишҳои динӣ гароиш намудани ҷавонон ба равияҳои экстремистиву террористии замони муосир моро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки танҳо имон ва бовар доштан ба дин кам аст. Дониши амиқи динӣ мебояд, то ҳар як миллат тавассути ғояи якдиливу муттаҳидии дин арзишҳои миллӣ, гуманизми олӣ ва ваҳдати миллатро ҳифз намояд.

С.ҚОРИХОНОВ,
муаллими кафедраи фарҳангшиносии ДДХ

 

Add comment


Security code
Refresh