Ҷавонон бояд аз мақсади ифротиён огоҳ бошанд!

Дар вазъи мураккаби ҷаҳони муосир падидаи номатлуби ифротгароӣ, ки тайи солҳои охир ҷаҳонро фаро гирифтааст ва ҷони бисёр инсонро рабудаву кишварҳои орому осударо ба бесариву нооромӣ табдил додааст, боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Мақсади асосии ин ҳизбу гурӯҳҳо муттаҳид кардани кишварҳои исломӣ ва ба вуҷуд овардани хилофати исломӣ дар саросари ҷаҳон аст.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, мақсади ҲНИ низ аз сароғози таъсисёбии худ чунин буд.

Ҷоиз ба ёдоварист, бо вуҷуди аз ҷониби намояндагони ҲНИ истифода бурдани усулҳои экстремистии мубориза дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ онҳо мутобиқи Созишномаи сулҳ 30 фоизи ҷойҳоро дар сохтори ҳукумати ҷумҳурӣ ба даст оварда бошанд ҳам, вале ба ҷои он, ки баҳри пешрафти диёр саҳм гузоранд, аз дастгирии ҳомиёни хориҷии худ истифода намуда, аз мақсади пештараи ҷинояткоронаи худ даст накашиданд ва имрӯз акнун аз хориҷи кишвар истода, боз ҳам баҳри ноором намудани вазъи сулҳу суботи кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Имрӯз ҲНИ барои бақои худ ба ташкилотҳои хориҷӣ муроҷиат намуда, талош дорад, ки беэътиборшавии ҳизби худро марбут ба фишорҳои ҷониби дигар нишон диҳад. Имрӯз роҳи ягонаи пешгирии паҳншавии ифротгароию тундгароӣ дар ҷомеаи муосири кишвар ва ҳифз кардани ҷавонону наврасон аз ин вабои маънавӣ кӯмак расонидан ба ҳаматарафа баланд бардоштани сатҳи дониши динию дунявии онҳост.

 Танҳо он ҷавононе, ки дониши хуби илмҳои муосир доранд ва аз асосҳои дини мубини Ислом огоҳанд, меъёрҳову мафҳумҳои диниро дуруст дарк намуда, одобу ахлоқи ҳамида, гуфтори нек, пиндори неку рафтори некро пеша менамоянд, метавонанд аз ин зуҳуроти номатлуб эмин бошанд ва дигаронро низ аз вартаи он наҷот диҳанд.

М.ОҚИЛОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh