Ҳадафҳои муғризонаи ТТЭ ҲНИ

Сабабгори асосии ҷанг дар солҳои 90 - уми асри гузашта ТТЭ ҲНИ буд, ки сабаби марги 150 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар гардид. Ҳаракатҳои аъзои ТТЭ ҲНИ боиси тақсимшавии ҷомеа гардид ва бародар хуни бародарро рехт. Махсусан, ин тоифа бо таҳқир ва ба қатл расонидани омӯзгору аҳли илм мавқеи илм боиси як қадар дур мондани гурӯҳҳои муайян аз таҳсил гардид, ки ин вазъ дар пайи хеш садҳо мушкили дигарро ба миён овард.

Дар давоми 18 сол, ки ин ҳизб дар кишвар озодона амал дошт, фаъолияти хешро на аз роҳи бароварда кардани ниёзи иҷтимоӣ ва беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии мардум, балки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш истифода намуд. Тавассути сармоягузории хоҷагони берунии хеш фазоро пур аз ақоиди ифротӣ намуда, мағзи садҳо нафарро вайрон гардонид. Натиҷаи ҳамин гуна террори ақидатии наҳзатиҳо буд, ки даҳҳо нафар ба сафи гурӯҳҳои тундраву террористӣ пайвастанд.

Ҳар як дину адёне, ки инсоният дар афкори худ парварид, дурдонаҳоеро дар мазмуну мундариҷаи худ нигаҳ доштааст, яъне қимати муҳимтарини афкори динӣ дар он зоҳир мегардад, ки инсонро дар ҳамаи давру замонҳо ба шукргузорӣ, парҳезгорӣ, ростиву меҳрубонӣ ва бахшандагиву омурзиш ҳидоят намудааст.

Ҳукумати кишвар пайваста ҷидду ҷаҳд менамояд, то мазмун ва мундариҷаи дини Исломро ба халқи шарифи тоҷик ва умуман ҷаҳониён, ки покизагиву парҳезгорӣ, меҳру муҳаббат ва амсоли он аст, нишон диҳад.          

Яке аз масъалаҳои муҳим дар замони муосир «ифротгароӣ», «зиёдаравӣ» ба шумор меравад.

Поягузори мазҳаби таҳаммулгароӣ Нӯъмон ибни Собит – Имоми Аъзам дар шарҳу возеҳи масъалаҳои шариати Ислом хеле эҳтиёткор будааст, то ба андозае, ки 27 карат ба шаҳри Басра барои ҳалли ин ё он масъала сафар намудааст, то ба иштибоҳе роҳ надиҳанд.

Вале имрӯз наҳзатиён ин дини поку мубарроро барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ истифода бурданӣ мешаванд. Мо, аҳли ҷомеа ҳадафҳои ин тоифаи ифротгароёнро дарк намуда, тафаккури насли ояндасози миллат – ҷавононро аз падидаҳои номатлуб эмин нигоҳ дорем, онҳоро ба роҳи рости зиндагӣ – саҳм гузоштан баҳри ободии Ватан ҳидоят намоем.

 М.ҲАЙИТБОЕВА,
устоди Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh