ҲНИ аз тундгароӣ даст намекашад

дар Иҷлосияи ХVI тақдирсози мамлакат ба хотири устувории сулҳу суботи мамлакат бо нерӯҳои мухолифин аҳднома баста шуд, ки ҳеҷ гоҳ аъзои ин ҳизб ба Ватани хеш хиёнат намекунанд. Маҳз, барои ҳамин имконият дода шуд, ки онҳо фаъолияти худро қонунӣ идома диҳанд.

Дар асл бошад, тинати онҳо дигар нашуд. Роҳбарон ва аъзои ҳизби наҳзат аз ҳадафҳои худ даст накашиданд, балки дини Исломро барои худ ҳамчун ниқоб истифода бурданд. Онҳо аз эътиқодҳои динии мардум истифода намуда, байни онҳо ғояҳои бегонапарастӣ, инчунин, мазҳабҳои бегонаро тарғиб ва таблиғ карданд.

Ҳадафи онҳо худро ҳамчун мусалмон, хизматгузори дини Ислом нишон дода, дар асл бошад, ба афкори ҷавонон ҷо кардани ақидаҳои ифротӣ буд.

Ин тоифа ба қадри гузашт ва боварии давлату ҳукумат нарасиданд, дар ниқоби Ислом ифротгароиро пеша гирифтанд. Мардуми тоҷик дар симои ҲНИ хоинони миллати худро шинохтанд ва ба онҳо имкон намедиҳанд, ки ба ҳадафи худ расанд.

Маълум аст, ки Ислом дини моҳиятан инсонпарварона аст. Мақсади асосии ин дин иттиҳоди мардум дар ҷомеаҳо ва саодатманд намудани мусулмонон дар партави ғояи сулҳу ваҳдат аст.

Сараввал, дар шаҳру ноҳияҳои кишварамон даҳҳо ҷавонон ва наврасон баъзе «бо хоҳиши худ» ё ки ба ҳиллаву найрангҳои «наздикон» ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав шомил шуданд, аксарияти онҳо мамлакатамонро тарк намуданд ва ҳоло саргардонанд.

Касоне, ки дини Исломро ниқоб карда, ҷавононро ба андешаҳои тундравӣ ҳидоят мекунанд, душмани миллат ҳастанд. Касоне, ки шефтаи фарҳанги бегонаанд, шефтаи тақлидкории бегонагон ҳастанд, парвои тақдири миллат надоранд.

Маҳз, барои ҳамин масъалаи мубориза бар зидди равандҳои номатлуб - ифротгароӣ, тақлидкорӣ ва андешаҳои тундрав муаммои нигаронкунандаи ҷомеа мебошад, ки ин дар замони муосир вабои аср аст.

Имрӯз мо, аҳли ҷомеа зиракии сиёсиро нигоҳ дошта, нагузорем, ки мафкураи ҷавонон бо ақидаҳои ифротӣ заҳролуд гардад. Онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоем, то ба нафъи кишвару миллат фаъолият баранд.

Н.ҶӮРАЕВА,
устоди Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh