МАҲАЛГАРОӢ ДУШМАНИ МИЛЛАТ

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбарҳои баланди байналмилалӣ борҳо ба аҳли башар гӯшрас намуд, ки бо ҳам муқобил гузоштани ҷаҳонбинии гуногун ва тариқи зӯроварӣ ҳал намудани низоъҳо натанҳо ба касоду шикасти иқтисод, балки фасоди давлатҳо ва дар маҷмуъ инсоният хоҳад бурд. Мисоли равшани он ҷанги беохири Фаластину Исроил, ҷанги беш аз сисолаи Афғонистон, ҷанги мазҳабии Ироқу Сурия ва низоъҳо дар мамлакатҳои дигари Араб аст, ки то имрӯз, мутаассифона, башарият роҳи ҳалли онҳоро наёфтааст.

Дар марҳалаи охири фаъолияти хеш дар кишвар ва махсусан, пас аз нокомӣ дар интихоботи парлумонии соли 2015 - ум ТТЭ ҲНИ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш, яъне расидан ба қудрати сиёсӣ дар моҳи сентябри ҳамон сол бо роҳи низомӣ хост ҳокимиятро ба даст дарорад.

Пӯшида нест, ки дар амалӣ гардидани чунин ҳадаф баъзе кишварҳо ба он сарпарасти молиявӣ гардида, сарони ин ҳизбро ба чунин амал таҳрик намуданд.

Ҳадафи асосии ин ҳизб на бар пояи демократия ва адолати иҷтимоӣ, балки бар пояи хушунату бадбинӣ ва бартариҷӯии динию мазҳабӣ устувор аст.

Миллати тоҷик миллати фарҳангӣ роҳи низои бузурги байналмилалӣ гардида, дар мисоли худ нишон дод, ки тарзу усули дигари субот ва пешравии ҷомеа низ вуҷуд дорад. Ҳанӯз ҷароҳати он захм сиҳат нагаштааст ва шояд он ҳамеша боиси нороҳатии мо бошад, чунки халқи тоҷик тӯли таърихи мавҷудияти хеш бар сари ҳеҷ қавму миллате ва болотар аз он, бар сари халқи худ теғ накашидааст.

Муқаддас донистани замин ва пок нигоҳ доштани он, ки бунёди фалсафаи одамияти тоҷикро ташкил медиҳад, аз даврони қадим то имрӯз моҳияти хешро барои мо гум накардааст ва дар асоси он тоҷик наметавонад даст ба низоъ занад.

Ҷавҳари тоҷик аз азал таҳаммулпазир буд ва ӯ ҳамеша дар роҳи мубориза алайҳи бадӣ, ҷудошавии мазҳабӣ дар ҳар шакле, ки бошад, ҳамроҳ аст.

Т.КАРИМОВА,
дотсенти Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh