ҲАНГОМАСОЗИИ НАВИ НАҲЗАТИЁН

Имрӯз баъзе аз гурӯҳҳову ташкилоти ифротие пайдо шудаанд, ки оромию сулҳу суботи кишварро чашми дидан надоранд. Бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазоро вайрон созанд. Кабирӣ ва дигар хиёнаткорони Ватан аз ин ҷумлаанд.

Новобаста аз он, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳамаи хиёнату разолату ҷинояти ин тоифа чашм пӯшиду гузашт кард, онон боз ҳам дар пайи нооромии кишвари мо нақшаҳои пинҳони худро тарҳрезӣ менамоянд. Чун нақшаҳои пинҳонии онон ошкор гардид, роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирӣ ва пайравонаш ба назди хоҷагони хориҷии худ рафта, дар он ҷо низ даст ба хиёнати Ватан мезананд.

Имрӯз мардуми азизи Тоҷикистон аз симои асосии ин ҳизб огоҳ гаштаанд. Ҳоло ТТЭ ҲНИ ягона роҳи зинда мондани худро дар фитнаву ғавғо медонад ва аз ин рӯ, роҳбарони он ҳатто, зану кӯдаконашонро ҳам ҷалб карда, ҷо - ҷо садо мебароранд. Чанд рӯз пеш чанд тан аз мухолифини ватангумкарда таҳти роҳбарии Кабирӣ барои иштирок дар ҷаласаи солонаи Кумитаи олии ҳуқуқи башари СММ дар шаҳри Ҷенева ҷамъ омаданд. Наҳзатиён аз роҳбарияти олии Кумитаи ҳуқуқи башар талаб намуданд, ки онҳоро ба маҷлис роҳ диҳанд, лек талаби онҳо рад карда шуд. Аз шикасти худ шармсор гашта, дар сомонаҳои расмии худ овозаҳои ҳархела паҳн карданд.

Ҳар қадар ташкилоти мамнуъ ва террористии ҳизби наҳзат бешармона дар давлатҳои хориҷ минбари бепоя ташкил мекунаду бо чанд нафари гумроҳ ба қавле ҷамъомад барпо менамояд, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамон қадар аз хиёнаткориву ватанфурӯшии роҳбарону саркардагони ин ташкилоти мамнӯъ бештар ва саҳеҳтар огоҳ мешаванд. Зиёда аз он роҳбарону саркардагони ин ташкилоти мамнӯъ ҳар қадар ҳангома барпо карданӣ мешаванду ҳарзагӯӣ мекунанд, мардуми сарбаланди кишварамон ҳамон қадар, аз кирдорҳои ғайриинсонии онҳо дар солҳои навадуми асри гузашта бохабар мешаванд.

Имрӯз хурду калон, нафаре, ки дилу чашми инсонӣ дорад, нафаре, ки шукронаи осоишу оромиш ва равшании хонадон мекунад, нафаре, ки бо чашми ҳақиқат ба кӯҳи бунёдкорӣ менигарад, дар ҳар қадам созандагӣ, ободониро мебинад, садҳо нафрат дорад ба чеҳраҳои сиёҳу суханони бепояву дурӯғини роҳбарону саркардагони ин ташкилоти мамнӯъ.

Имрӯз агар нафаре аз ҳафтоду панҷ ҳазор гектар замине, ки ҳанӯз солҳои вазнини навадуми асри рафта барои тамоми мардуми деҳот бахшида шуд, як пора нон хӯрда бошад, то умр боқист, шукронаи ҳамон нону ҳамин давлату давлатдорӣ мекунад. Ин нафар як не, миллионҳо мардуми Тоҷикистонанд, ки имрӯз ҳам аз замин нон мехӯранд ва шукронаи ин сарзамини аҷдодӣ мекунанд.

М.Дадобоева,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh