Андешаи миллиро пойдору устувор нигаҳ дорем!

Асри ХХI дар баробари рушди илму техника, ҳамчунин барои амнияти ҷомеа хатарҳои зиёде ба бор овард. Барои гурӯҳҳои алоҳида, ки ҳадафашон ноором кардани ҷомеа мебошад, интернет воситаи зуд паҳн намудани иттилоот гардидааст. Агар соли 2004 дар ҷаҳон ҳамагӣ 12 сомонаи террористиву экстремистӣ мавҷуд бошад, пас соли 2011 ин рақам ба 4200 расида, алҳол теъдоди онҳо 10 ҳазор мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки оламиён бори аввал қариб 30 сол пеш шоҳиди худро тарконидани террорист гардиданд. Ин амал соли 1981 дар сафоратхонаи Ироқ дар Бейрут (Ливан) рух дод. Дар ин воқеа 27 нафар ба ҳалокат расида, садҳо кас ярадор шуданд. Масъулияти ин амалро ташкилоти навтаъсиси террористии «Ҳизбуллоҳ» бар уҳда гирифта, нахустин татбиқкунандаи чунин навъи террор ба ҳисоб меравад.

Баъдтар дигар ташкилот ба монанди Ҳамос, Ҷиҳоди исломии Фаластин, Ниҳоди исломии Миср ва ғайра аз «хизмат»-и «террористони худкуш» фаровон истифода мебурданд. Дар ин амал гурӯҳи «Ал-қоида» пешсаф аст. Маҳз, террористони худкуш таркишҳо дар сафоратхонаҳои ИМА дар Кенияву Танзанияро амалӣ намуданду фоҷеаи 11 - уми сентябри соли 2001 низ бо ширкати онҳо сурат гирифтааст.

Аз назарсанҷиҳои Маркази татқиқотии Ренд бармеояд, ки аз соли 1982 то кунун дар ҷаҳон наздик 1000 амалиёти террористӣ бо ширкати террористони худкуш аз тарафи 11 ташкилот роҳандозӣ шудаанд, ки дар онҳо беш аз 10000 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Агар мо ба хусусияти амалҳои террористӣ назар андозем, мебинем, ки нафарони содиркунандаи чунин амалиёт барои коштани тухми тарс дар ҷомеа ба ин кор даст мезананд. Аз ин ҷост, ки аксар вақт мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ мегарданд.

Дар сари аз кадом табақаи ҷомеа будани террористи худкуш коршиносон ба чунин хулоса омадаанд: Агар дар солҳои 1980 - 1990-и асри гузашта ин амалро ҷавонони аз 18 то 27 - сола, ки аз оилаҳои камбизоат, аксаран дамдузд ё аз ҳад зиёд моҷароҷӯй буданд, анҷом дода, ё узвияти ташкилоти экстремистиро гирифта бошанд, пас айни ҳол сафи аъзои гурӯҳҳои фаъолияташон мамнӯъ ва тахрибкорро шахсони калонсол ва аз лиҳози иҷтимоӣ таъмин пурра намуданд. Беш аз 40 фоизи онҳоро бошад, занон ташкил доданд. Зеро бо зан коркарди ғоявӣ гузаронидан осонтар асту вай камтар ба худ диққати кормандони мақомоти қудратиро ҷалб менамояд. Дар бадан маводи таркандаро пинҳон намуданаш осонтар аст. Маҳз, дар ҳамин замина террористони ҳизби коргарии Курдистон занонро бештар истифода намуда, онҳоро чун зани ҳомиладор вонамуд месохтанд. Аввалин занони террористи худкуш дар Фаластину Исроил аввалҳои соли 2002 пайдо шудаанд.

Бадбахтона, солҳои охир аз ноогоҳӣ ва гумроҳӣ наздики 300 нафар ҷавони вилоят ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ворид шуда, ҷони ҷавони худро ба хатар гузоштаанд. Бадбахтӣ он аст, ки аксар тариқи муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд. Як амали сабукбор боиси бадбахтии оила, пайвандон ва ниҳоят, миллату давлат мегардад.

Аз донишҷӯён, ки аксаран огоҳии комили сиёсӣ доранд, даъват ба амал меорем, ки такягоҳи асосии давлату миллат гардида, ҳамсафони худро, ки дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрон мондаанд, аз оқибатҳои нанговари ин амал огоҳ созанд. Бо баргузории чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ ва варзишӣ бояд мо ташвиқи тарзи ҳаёти солимро пеш барем. Он гоҳ фардои ин миллат дурахшон хоҳад буд.

Саидӣ Дилафрӯз Раббизода,
директори Донишкадаи
политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд,
номзади илмҳои техникӣ

Add comment


Security code
Refresh