БОБОЕВ ЮЛЧӢ
- Details
- Published on Monday, 30 May 2011 15:56
Cоли 1912 дар деҳаи Унҷӣ, ноҳияи Хуҷанд таваллуд шудааст. Ходими ҳизбӣ, иштирокчии ҶБВ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд (1992). Узви ҲКИШ аз соли 1939. ИДПЛ-ро соли 1940 хатм кардааст.
Солҳои 1940-41 муҳаррири рӯзномаи «Стаха-новчӣ». Декабри соли 1941 ба ҷанг сафарбар шудааст. Ёрдамчии сардори шӯъбаи сиёсии бригадаи алоҳидаи 99-уми тирандозии тоҷик, котиби масъули газетаи Дивизияи савораи 104-уми тоҷик «Барои Ватан» (тоҷикӣ), роҳбари сиёсии батареяи миномётӣ (1941-43); мухбир-ташкилотчии рӯзномаи САВО «Фрунзечӣ» (1944-45). Солҳои 1945-49 муҳаррири рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод”. Солҳои 1949-1959 раиси кумиҷроияи шаҳри Ленинобод, солҳои 1959-61 котиби якуми кумитаи шаҳрии ҲК Тоҷикистон дар шаҳри ӯротеппа.
Сардори идораи гӯшту шири вилоят, сардори идораи хизмати маишии шаҳр, ҷонишини сардори идораи хизмати маишии шаҳр (1961-72). Депутати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон (даъвати 111-У). Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат ва Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи II), ду ордени «Нишони фахрӣ», медалҳо, Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Соли 1994 дар шаҳри Хуҷанд фавтидааст.