ЯҲЁХӮҶАЕВ FАФФОРХӮҶА

5 марти соли 1933 дар шаҳри Ленинобод дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби 7- сола, соли 1949 ба омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ленинобод дохил шуда, пас аз хатми он соли 1954 ба Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Ленинобод ба факултаи таърих дохил шуда, онро низ бомуваффақият ба итмом расонд.

Соли 1955 фаъолияти кориашро ҳамчун директори шӯъбаи иттилои радиои шаҳрӣ сар кард ва соли 1960 муҳаррири радиои шаҳри Ленинобод таъин шуд. Соли 1963 ҷонишини муҳаррир ва мудири шӯъбаи фарҳанги рўзномаи шаҳрии «Ҳақиқати Ленинобод» буд.

Баъди таҳсил дар мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд солҳои 1966-1967 инструктори комитети ҳизбии шаҳри Ленинобод ва ду соли минбаъда мушовири хонаи маорифи сиёсӣ буд. Солҳои 1969-1971 ба ҳайси муҳаррири рўзномаи шаҳрии «Ҳақиқати Ленинобод» ва соли 1971 ба сифати ҷонишини муҳаррири рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» фаъолият дошт.

Солҳои 1971-87 мудири хонаи сиёсии комитети ҳизбии вилояти Ленинобод буд. Узви Иттифоқи журналистони СССР. Солҳои 1987-94 раиси шўрои назорати дини комиҷроияи вилоят. Fаффорхӯҷа Яҳёхӯҷаев дар давоми фаъолияти меҳнатиаш бо як чанд Ифтихорномаҳои РСС Тоҷикистон ва бо медали «Барои меҳнати шоён» ва нишони «Собиқадори меҳнат» сарфароз шудааст.

Яҳёхӯҷаев Fаффорхӯҷа табъи шоирӣ низ дошт. Дар матбуоти даврӣ шеърҳо ва очерку ҳикояҳояш нашр шудаанд. 10 июни соли 2006 дар синни 73-солагӣ аз ҳаёт чашм пӯшидааст.