ВОҲИДОВ МАЗБУТ

20-уми январи соли 1951 дар деҳаи Кулангири Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови Хуҷанд (алҳол Бобоҷон Ғафуров) дар оилаи хизматчӣ таваллуд ёфтааст.

Соли 1968 мактаби миёнаи №13-уми ноҳияро хатм карда, ба факултаи филологияи Универси-тети давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Баъди хатми курси дуюм бо сабабҳои оилавӣ бо зодгоҳаш баргашта, таҳсилро дар Донишкадаи давлатии омўзгории Ленинобод давом дод ва факултаи филологияи онро соли 1976 хатм кард. Солҳои 1971-1973 дар сафҳои Армияи Шӯравӣ хизмат кардааст.

Аз моҳи июни соли 1973 фаъолияти меҳнатиаш дар идораи рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод” оғоз шуд. Дар ҳамин ҷо 25 сол кор карда, аз вазифаи сармусаҳҳеҳӣ то ба дараҷаи сармуҳаррирӣ сабзид. Солҳои 1986-1988 дар мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд таҳсил кард. Аз соли 1980 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст. Сазовори нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шудааст. Солҳои 1995-2000 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати якум интихоб гардид. Моҳи июни соли 1998 мудири бахши шӯъбаи идеологии Ҳукумати вилоят таъин гардид.

Аз моҳи феврали соли 2001 дар вазифаи сардори шӯъбаи қабули обунаи муассисаи давлатии Департаменти «Почтаи Тоҷикистон» дар вилояти Суғд кор кард. Аз моҳи августи соли 2007 то ба нафақа баромаданаш ба ҳайси сармутахассиси бахши танзим ва ҷашну маросимҳои дастгоҳи Раиси вилоят ифои вазифа кардааст.