Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии “Фаридаи Тағояк”

24 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Спитамен аз Кооперативи тиҷоратии “Фаридаи Тағояк” боздид намуда, бо нашъунамои пахта шинос гардид.

Тавре зимни боздид иттилоъ дода шуд, Кооперативи тиҷоратии “Фаридаи Тағояк” соли 2012 ташкил гардида, дорои 14,5 гектар замини обӣ мебошад. Кишоварзони кооператив имсол дар 10,50 гектар пахта, 1,26 гектар ҷуворимакка, 1,62 га беда, 0,20 га картошка ва 1 гектар пиёз кишт кардаанд.

 

Чуноне мушоҳида гардид, нашъунамои пахта дар Кооперативи тиҷоратии “Фаридаи Тағояк” хуб буда, тухмиҳои навъи туркиву маҳаллӣ ба иқлими минтақа мутобиқ мебошанд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо кишоварзон таъкид кард, ки ба сари вақт гузаронидани коркарди агротехникии зироатҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд. Ҳамчунин барои истифодаи самараноки замину об ба деҳқонон тавсияҳои муфид дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh