ФАРЗАНДИ БАД - ДОFИ ПАДАР…

Дар ҳошияи мақолаи “Лаънат ба ҲНИ мегӯям”…

Моҳи майи соли ҷорӣ аз давлатҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ 85 нафар кӯдакони тоҷик баргардонида шуданд, ки амали хайру савоб буда, аз бетараф набудани Ҳукумати мамлакат нисбат ба тақдири шаҳрвандони кишвар шаҳодат медиҳад. Ин иқдом идома ёфта, аз ҷумҳуриҳои Покистону Афғонистон низ кӯдакони волидайни гумроҳ, ки ҷони фарзандони худро ба хатар гузошта, ҳамроҳи худ бурда буданд, ба Ватан баргардонида шуда истодаанд.

Яке аз оилаҳои гумроҳу осебпазир Ҳошимов Наҷмиддин Ёқубҷонович, соли таваллудаш 1980, аъзои ТТЭ ҲНИ ва ҳамсараш Алиева Муноҷот Акбаровна, соли таваллудаш 1985, ки зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Спитамен, Ҷамоати деҳоти Тағояк, деҳаи Тағояк мебошанд, фарзандони хурдсоли худ Абдулло Ҳошимов соли таваллудаш 2008, Раҳимахон Ҳошимова, соли таваллудаш 2010, Ҷамила Ҳошимова, соли таваллудаш 2013, ки дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таваллуд шудаанд, бар асари гумроҳшавӣ ба давлатҳои ҷангзада бурда, онҳоро хору зор ва аз хушбахтии кӯдакӣ маҳрум намудаанд.

Вақте бо сарнавишти кӯдаки 11 - сола Абдулло Ҳошимов, ки 25 - уми майи соли ҷорӣ ҳамроҳи ду хоҳарчаи хурдсолаш ба зодгоҳашон оварда шуданд, шинос гардидам, дар ҳайрат мондам аз ҷоҳилию беақлии волидайне, ки ҷигарбандони худро ба сӯи ҷаҳаннам мебаранд.

Абдулло, ки имрӯз бо гуноҳи волидайн аз ду пой маҳрум гаштааст, нақл кард, ки ҳанӯз аз дунимсолагӣ падару модар ӯро ба давлатҳои ҷангзадаи Покистону Афғонистон бурда, ба ҷои сабақ омӯзонидан ба ӯ кор бо яроқу аслиҳа ва сохтани маводи таркандаро омӯзонидаанд.

Дар яке аз задухӯрдҳо волидайни Абдулло ӯро дар хунукии қаҳратун танҳо гузоштаанд, ки аз хунукӣ ду пои худро аз даст дод. Аз суханони Абдулло маълум гардид, ки дар беморхона бе доруи мадҳушкунанда пойҳои ӯро бурида, ҳаёти кӯдакро наҷот додаанд. Дар ҳамон задухӯрди мусаллаҳона волидайни Абдулло ҳалок гаштаанд.

Падари Наҷмиддин - Ёқубҷон Ҳошимов дарду ҳасрати худро аз фарзандони роҳгумзадаю нохалафаш бо сӯзу гудоз чунин баён намуд: “Садҳо, ҳазорҳо бор лаънат ба ҲНИ мегӯям, ки хок бар софии осмони беғубори мо пошид. Сарчашмаи бадбахтиҳои оилаам, ки писаронам Наҷмиддин ва Акмал беватану бекафан зиндағарибу мурдағариб шуданд, касофати ҲНИ аст. Зеро баъди ошкор шудани фисқу фуҷур ва ғаразҳои ин ҳизби лаънатӣ писарони ман хурофотию ифротӣ шуданд. Имрӯз писари калониам, ки солҳои дароз дар мулки рус буд, танҳо монд.

Фоҷиаи фарзандони Ёқуб Ҳошимов, ки имрӯз боиси ғаму ғусса, сархамӣ ва шикастадилии волидайни онҳо гаштааст, бори дигар мақоли пурҳикмати халқро тасдиқ менамояд:

Фарзанди хуб боғи падар,

Фарзанди бад доғи падар.

Сарнавишти талху фоҷиаомези оилаи Ҳошимовҳо бори дигар далели он аст, ки ТТЭ ҲНИ саркардаву сарвари гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, гунаҳгори бадбахтиҳои садҳо оилаҳои ҳамватанони мо буда, имрӯз боиси нафрати мардум гаштааст.

Иброҳим ҶАББОРОВ,
устоди Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh