Ақидаҳои ифротӣ пучанд!

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми кишвари мо дар аксари соҳаҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд. Вале имрӯз баъзе ашхос, ки ин пешравиҳои Ватани азизи моро дида наметавонанд, нотавонбинанд. Онҳо собиқ аъзо, роҳбарони ҳизби дар кишварамон мамнӯъгаштаи наҳзат мебошанд, ки имрӯз дар мамолики хориҷа паноҳ бурдаанду аз дур истода, ба зодбуми худ сангандозӣ, туҳмату буҳтон мекунанд.

Ин шахсон имрӯз бо ҳар гуна роҳу восита мекӯшанд, бо дасисабозиҳо мафкураи мардуми мо, бахусус ҷавононро заҳролуд намоянду вазъи ороми кишварамонро ноором гардонанд. Ононе, ки ба ингуна гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, ба монанди ТТЭ ҳНИ шомил мешаванд, инсонҳое мебошанд, ки аз ҳадафҳои муғризонаи ин гурӯҳи ифротгаро ноогоҳанд. Чунин инсонҳо фирефта ва гумроҳ мегарданд, вале оқибат, албатта пушаймон мешаванд. Бинобар ин, имрӯз мардуми диёрамон баҳри пешгирӣ аз паҳншавии ин зуҳуроти номатлуб ҷидду ҷаҳд доранд. Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон шукронаи чунин сарзамин, давлатдорӣ карда, дарк намудаанд, ки давлат барои ҳар як инсон ва шаҳрванд шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам овардааст.

Мо бояд тамоми малакаву дониши худро баҳри таҳкими рӯзгори орому осуда, ҳаёти осоиштаи имрӯзу фардо, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худогоҳию худшиносии миллӣ равона созем.

Б.САМАДОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh