Сиёсикунонии Ислом ба кадом маъно?!

Терроризм ҷурм аст. Террористон манфиатҳои миллию давлатиро ба эътибор намегиранд, мардумро ба муқобили пайравони мазҳабҳои гуногун зидди ҳам мешӯронанд. Имрӯз давлатҳои абарқудрат, бозигарони сиёсии ҷаҳонӣ барои ноил шудан ба хостаҳои худ, аз нав тақсим намудани ҷаҳон, соҳиб шудан ба боигариҳои табиии дигарон инқилобҳои рангаро аз тарҳ ба амал ҷорӣ менамоянд.

Дар замони ҷаҳонишавӣ ташкилотҳои террористӣ - экстремистӣ кӯшиш мекунанд, ки бо роҳҳои гуногун қувваҳои нави зиёд, махсусан ҷавононро ба сафи худ ҷалб намоянд. Аммо чунонки таҷриба нишон медиҳад, натанҳо ҷавонон, балки одамони синну сол ва касбу кори гуногун ба ин ташкилот аъзо мешаванд. Ин сабабҳои гуногун дорад. Масалан, дар муносибат ба дин ташкилотҳои террористӣ - экстремистӣ аз тарзу усулҳои гуногун истифода мебаранд. Яке аз ин роҳҳо сиёсикунонии Ислом мебошад.

Терроризм зуҳуроти мураккаб аст. Мавқеияти сиёсӣ ва иҷтимоии он ба ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ пайвандӣ дорад. Тафаккури мазҳабӣ иқдомоти хушунатбор дошта метавонад. Беҳуда нест, ки яке аз навъҳои терроризм ин мазҳабист.

Таълимоти дини Ислом сулҳпарварона, инсондӯстона ва моломоли андешаҳои нек ва созанда буда, асосан барои беҳтар кардани ахлоқи ҷомеа нигаронида шудааст.

Имрӯз ташкилотҳои террористию экстремистӣ барои пиёда кардани мақсадҳои худ аз дин истифода мекунанд. Байни 72 равия суннӣ ва шиа калон ба ҳисоб мераванд. Ташкилотҳои террористиву экстремистӣ миёни ин ду равия зиддият ба вуҷуд оварда, онҳоро ба ҳам ҷанг меандозанд.

Ҳанӯз ҳам миёни давлатҳои қудратманди ҷаҳонию минтақавӣ нисбат ба терроризм муносибатҳои дугона ҷой доранд. Абарқудратҳои ҷаҳонӣ аз гурӯҳҳои террористӣ барои амалӣ намудани хостаҳои худ истифода менамоянд, онҳоро бо яроқу воситаҳои пулию молӣ таъмин мекунанд.

Мақсади асосии дини мубини Ислом тарбия, эътиқод ва мардумро ба роҳи рост ҳидоят кардан аст.

Аз ин рӯ, ташкилотҳои террористиву экстремистӣ барои ба сӯи худ кашидани мафкураи ҷавонон кӯшиш мекунанд, ки аз он истифода баранд. Ин гурӯҳҳо шаҳрвандони мамлакатҳо, аз ҷумла бархе аз шаҳрвандони кишвари моро бо роҳи фиреб тавонистанд ба сафи худ ҷалб кунанд. Аммо дар Тоҷикистон назар ба солҳои 2014 - 2015 аз 2016 инҷониб майли воридшавии ҷавонон ба ин тоифа гурӯҳҳо кам гардидааст. Шаҳрвандони мо аз ҳадафҳои нопоки ин гурӯҳҳо огоҳ шуда истодаанд.

Яке аз роҳҳои пешгирии гаравиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ин роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад. Дар муҳити носолим тарбия ёфтан, аз ҷониби падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда фароҳам наовардани шароити зарурии моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва рӯҳӣ, заифии таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии алоҳида боиси гаравиши наврасон ва ноогоҳона фирефта шудани онҳо мегардад.

Мо бояд барои ҷавонон шароитеро муҳайё сохта, тарзе тарбия кунем, ки онҳо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва дар оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа ёфта тавонанд.

М.ШАРИФОВА,
 дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh